Предыдущая публикация
Ба қадри модарон , бояд расидан,
Ва гарди роҳашон,бар дида дидан.
Ки онон, манбаъи раҳму ризоянд,
Хӯрушон,чашмаи меҳру вафоянд.
Чу шамсе дар само,бар одамиянд,
Фурӯзон,шамъи умру, зиндагиянд .
Чу модар,зода фарзандони одам,
Чароғи зиндагӣ,бошад ба олам.
Фаровонии файзи хонадон аст,
Давоми умру,насли одамон аст.
Суханҳои накӯяш, дилнишин аст,
Фариду бебаҳо,шамси барин аст.
Кунем ар иззаташ, то зинда буда,
Ба пояш сар ниҳем,арзанда буда.
Азизаш дор,азизи ин замон аст,
Накӯии ҷаҳон,аз модарон аст.
Зи меҳри модарон, андеша бояд,
Худо бар мо,накӯномӣ
физояд.
(Саидмаҳмуд Саидҳомид).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев