Предыдущая публикация
Сазад, лутфи падар,ҷо дар ҷигар кард,
Ки умрашро фидо,баҳри писар кард.
Падарҳо,пояи даргоҳи моянд,
Гиреҳ дар банди умр афтад,кушоянд.
Падар ҳурмат намо,сарриштаи мост,
Рагу пайванду,ҷону риштаи мост.
Аз ӯ бошад ,ҳаёти мо мусаллам,
Наҷоти одамӣ, дар рӯи олам.
Маранҷонаш, намонӣ то зи роҳат,
Ки ӯ бошад ҳабибу,қиблагоҳат.
Агар ҷонофарин,Рабби Кабир аст,
Падар меҳрофари,қалбу замир аст.
Дилаш ранҷид,корат пешрав нест,
Ба гандумзори умрат,ҷуз алав нест.
Ризои ин ҷаҳон волидайн буд,
Аз онон умри одам,бехатар шуд.
Ки модар меҳр бошад, пас дадоят,
Садоқат аз Худо бошад бароят.
Ҳар он кас,андешаи модар, падар кард,
Ҳаёти бобароре, пушти сар кард.
(Саидмаҳмуд Саидҳомид ).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев