Худованд ақлро офарид.
Гуфт: пеш ой, ақл пештар омад. Боз гуфт ақибтар нишин, ақл ақиб рафт. Худованд гуфт:
Ту кистӣ ва ман кистам?
Ақл гуфт ту парвардигори ман ҳастӣ ва ман бандаи заъифи туам. Худованд гуфт: ё ақл, туро дар назди махлуқот муъаззаз гардонидам.
Баъд аз он нафсро офарид гуфт пештар ой, нафс ба чойи худ истод иҷобат накард. Худованд гуфт: ту кистӣ ва ман кистам?
Нафс гуфт, ки ту туӣ ва ман манам. Худованд сад сол нафсро ба оташи Дӯзах азоб кард. Баъд аз он аз Дӯзах бароварда пурсид, ки ту кистӣ ва ман кистам? Нафс гуфт ту туӣ ман манам. Баъд аз он Худованд нафсро ба азоби гуруснагӣ мубтало кард. Баъд аз он пурсид, ту кистӣ ва ман кистам? Нафс гуфт ман бандаи туам ту парвардиг