Кош кадри одамизод аз хама боло шавад,
Кудрати инсон ба олам кимати дунё шавад.
Кош хар фарде бидонад эхтирому кадри шахс,
Иззати кас хурмати хар пиру хам барно шавад.
Одами бо одами парварда тухми душмани,
Рахму шафкат дар замири хар яки мо чо шавад.
Гашта ёрон бандаи зохирпарасти зохидон,
Лаб кушояд он разилу кош ачаб расво шавад.
Як сабаб ин бесаводи мебарад бар гумрахи,
Рахнамои тундфахмон кош хар доно шавад.
Кош аз ин пас набинад тифли хандон руйи чанг,
Киштии армони мо дар дахр дар шино шавад...
Бас Худо додаст бар мо Сарвари бонангу ор,
Ин сухан такрор гу, то бар хама фахмо шавад.
Эй Нихони, ту бичу хар арзиши бигзаштаро,
Хар чи ёби, кош он дар зиндаги эхё шавад.
НАСИҲАТ БА ФАРЗАНД...
Эй писар, бар дӯстон хизмат кунӣ, миннат макун,
Душманатро ҳам миёни халқ беҳурмат макун.
Мӯрро ҳам заррае дониста озоре мадеҳ,
Як нафас ҳам аз сари худ дур ин ҳикмат макун.
Давлати беинтиҳо бошад ба одам сиҳҳатӣ,
Аз паи давлат матозу ҷамъу ғун давлат макун.
Гуфт устодам, ба толеъу саодат то расӣ,
Ҳеҷ бо ҳамсӯҳбати бад баъд аз ин сӯҳбат макун.
Эй сарат аз санг бодо сахттар дар зиндагӣ,
Бо дили нозук ту бар сангиндилӣ одат макун.
Рӯ магардон аз забони модарии ноби худ,
Носипосӣ ҳеҷ гаҳ бар халқу бар миллат макун!