Муддати 5-соли охир муноқишаҳои наздимарзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди шаҳри Исфараи вилояти Суғд зиёд ба қайд гирифта шудааст. Роҷеъ ба ҳалли масъаллаҳои марзӣ гурӯҳҳои кории байнидавлатӣ ташкил ва чандин вохӯриҳои расмӣ дар сатҳи давлатӣ гузаронида шудаанд. Аммо масъалаи марзӣ, муноқишаҳои сокинони деҳаҳои наздимарзӣ дар шаҳри Исфара ва дигар навоҳии вилояти Суғд, ки бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошанд то ба ҳол ҳалу фасл нагардидааст. Яке аз мушкилоти асосӣ, ки тамоми моҷароҳо аз он сурат мегиранд, анҷом наёфтани корҳои делимитатсионӣ ва демаркатсионӣ мебошанд. Сари ин мавзуъ баҳсҳо зиёд аст, аммо мақсад аз навиштани ин сатрҳо масъалаи дигар аст.
Аз суҳбатҳо бо сокинони ш.Исфара ва бахусус сокинони Ворух ва Чоркӯҳ маълум мегардад, ки дар байни сокинони деҳаҳои наздимарзии ҷамоати деҳоти Оқсойи вилояти Боткенгурӯҳи махсуси иғвоангез фаъолият мекунад., ки бо пайдо шудани фурсати муносиб мардумро ба по хезонида онҳоро барои анҷом додани амалҳои ғайриқонунӣ алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон тарғиб менамоянд. Мақсади онҳо ноором сохтани вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон мебошад. Ҳодисае, ки санаи 22-юми июл дар деҳаи Ворух рух додааст, маҳз аз ҷониби ин гурӯҳ созмон ёфтааст. Мутаассифона дар ин муноқиша як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат мерасад. Тааҷубовар он аст, ки неруҳои марзии Қирғизистон дар ҳимояи ин гуруҳ аст. Агар маълумоти мазкур дуруст бошад, ин гуруҳ аз ҷониби мақомотҳои дахлдори давлатӣ таъсис дода шудааст ва он мақсади конкретии худро дорад.
Бояд қайд намоям, ки дар баробари чунин як гурӯҳи моҷароҷӯи қирғизӣ қаҳрамониҳои мардуми шарифи Ворух ва Чоркӯҳро нодида гирифтан аз одамият дур будан аст. Ин мардуми ғаюру доно шабу рӯз дар ҳимояи марзу буми Ватанамон ба по хестаанд. Боварии комил дорам, ки ин ҷавонмардон ва дигар шермардони миллат, ки дар ҳимояи Ватану миллати хеш бархостаанд дар саҳифаҳои таърих номи онҳо ба неки ёд мешаванд.
Қамариддин Раҳматуллоев аз ш.Бохтар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев