Аз номи миллати 20 млн.нафараи тоҷикони Хуросони таърихӣ ба Шумо шермардони Исфара салом.
Саъдию сад қофила дил ҳамроҳи туст, То мапиндорӣ ки танҳо меравӣ. Шумо ҳаргиз ва ҳаргиз худро танҳо эҳсос накунед, марзи Исфара аз дили ҳар як тоҷики меҳандӯст мегузарад, агар зарурат тақозо кунад, хоки қирғизро якҷоя зеру забар хоҳем кард ва санге болои санге ҳам нахоҳад ҷунбид, то мо нахоҳем.
Миллати тоҷик дар тӯли қарнҳои мутамодӣ аз зулми душманони хориҷӣ басо ранҷ бурдааст. Дар ин набардҳо шумо ҳамтаборони волои мо исфарагиҳо истисно нестед. Дар лаҳзаҳое, ки ба сӯйи шумо кӯтаҳбинони кӯчманчӣ тир мекушоянд ва ба рагбор шуморо мебанданд, аввалин коре ки мекунед, ҳисси яъсу навмедӣ ва бечоранолиро канор бигузоред ва ва дар атрофи раҳбарони давлати тоҷикон боз ҳам зичтар муттаҳид шавед, ки таҷрибаи мулкӣ ва ҷангӣ доранд. Сониан, ба шумо фаҳмида бод, ҷаҳони имрӯз ҷаҳони беадолатӣ ва хашму зӯрист. Аз ин лиҳоз, ва ҷавоби сангини дандоншикан ба ҷинояткорони қирғиз рӯ натобед.
Мушкилоти тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд ва тамаддунофар дар ҳифзи истиқлолият, аз чӣ иборат аст? Чаро бо назардошти бағоҷи бузурги маънавӣ ва ақлонӣ, тоҷикони Афғонистон дар тӯли 1000 сол аз неъмати давлатдорӣ ва соҳибистиқлолӣ маҳрум буданд? Гунаҳкори аслӣ бошад дар надоштани худшиносии ноби миллӣ буд, на омилҳои хориҷӣ (истилои аҷнабиҳо, зиддиятҳои ҳамсоякишварҳо, нуфузи бемеъёр ва беандозаи омили дин ҳамчун нерӯи боздорандаи инкишоф). Аз ин лиҳоз хислатҳои рафторӣ, заифиҳои шахсӣ ва ҳувиятии худро тақвият бахшед. Зеро шоир Амир Хусрави Деҳлавӣ дар бораи хислатҳои рӯҳӣ-равонии шахсияти тоҷикон ишора менамояд:
Тоҷики гарданкаши лашкаршикан,
Бештарӣ найзавару теғзан.
Ва ё шоири дигар Толиби Омулӣ мегӯяд:
Теғ мебояд кашиду ҷом мебояд сутуд,
Нест дар туркӣ намак, тоҷик мебояд будан
Ҳамин тариқ, ҳамраъйии худро сидқан ба мардуми Исфара изҳор намуда, омодаи ҳамкорӣ дар тамоми ҷабҳаҳо ҳастем. Амр кунед бародарвор.
Аз номи 2 ҳазор тоҷики Афғонистон, Абумуслими Сангчоракӣ, вакили маҳаллии ноҳияи Даҳбеди Шибирғон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 17