ҲАР КАС БА КАСЕ НОЗАД, МОҲАМ БО АЛИ НОЗЕМ.
Ай дил зи ҳама беҳтар бо меҳри Али созем
Ҷон дар раҳи ин мақсуд мардона дар андозем
Бошем гадои у бар ҷумла сарафрозем
Дар ҳалқаи мастонаш бо нағма ҳамовозем
Ҳар кас ба касе нозад моҳам бо Али нозем
Аз дафтари ишқи У ҳарфе ба Вало хондем
Дидем ҷамолашро Ло ҳавло ва Ло хондем
Зин ояти раҳмат мо Илло Алло ва Ло хондем
Тавҳид сароёном гуяндаи ин розем
Ҳар кас ба касе нозад моҳам бо Али нозем
Тазбеҳу намозу савм мар мардуми масҷидро
Дайру ҳараму Каъба хам зоиру қосидро
Ҷаннату қасуру ҳур мар обиду зоҳидро
Бо меҳру маҳи руяш бо ҳур напардозем
Ҳар кас ба касе нозад моҳам бо Али нозем
Моро сари куяш аз коуну макон хуштар
Дидори маҳи руяш аз ҳар ду ҷахо