Предыдущая публикация
Модари ман , ту гаҳе ғам мехӯрӣ ,
Ки надорам молу давлат дар ҷаҳон .
Заррае парво макун, эй модарам ,
Баҳри ман ҳастӣ ту ганҷи бекарон .
Шукри ту , эй офтоби умри ман ,
Қуввати дил , нури чашмони сарам .
Модари ҷон , ҳеҷ гоҳе , ғам махӯр ,
Аз кадомин марди доро камтарам ?
Ҳар гаҳе оӣ ту бар кошонаам ,
Кӯдакони ман зи шодӣ медаванд .
Як- ду рӯзе гар намеоӣ ҳама ,
Ташнаи дидори гармат мешаванд .
Давлату сарват чӣ бошад баҳри ман ?
Сарвате нест аз ту беҳтар дар ҷаҳон .
Хонаи ободи ман хоҳӣ агар ,
Модари ҷонам мудом бо мо бимон .
Шоирӣ кардӣ ато , модар маро ,
Парваридӣ ҳамчу гул ҷону танам .
То туӣ дар зиндагӣ , эй модарам ,
Марди дорои ҳама дунё манам .
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев