Кумитаи ҳифозат аз хабарнигорон (CPJ) эълом кард, ки дасти кам 97 хабарнигор ва омили расонаӣ аз оғози ҷанги Ғазза кушта ва шумори зиёде низ маҷрӯҳ, мафқуд ва ё боздошт шудаанд.
Кумитаи байналмилалии ҳифозат аз хабарнигорон дар гузорише эълом кард, ки аз замони оғози ҷанги Ғазза, дасти кам 97 хабарнигор ё корманди расонаӣ мисли аккос ва филмбардор кушта шудаанд.
Бар асоси гузориши пойгоҳи хабарии Jurist, ҷанги Ғазза ба унвони маргбортарин ҷанг барои хабарнигорон ва фаъолони расонаӣ аз соли 1992, ки кумитаи байналмилалии ҳифозат аз хабарнигорон шурӯъ ба сабти омори марбут ба талафоти хабарнигорон карда, қаламдод мешавад.
Ба гуфтаи пойгоҳи хабарии Jurist,, кор дар Ғазза хатароти қобили таваҷҷуҳе барои хабарнигороне, ки ҳамалоти заминии Исроилро пӯшиш медиҳанд, ба ҳамроҳ доштааст. Хабарнигорони ҳозир дар Ғазза ҳамчунин бо хатароте монанди ҳамалоти ҳавоии вайронгар, ихтилол дар каналҳои иртиботӣ, камбуди манобеъ, қатъии барқи мукаррар, таҳдиди ҷонӣ, сонсур ва хатар дастгирӣ мувоҷеҳ ҳастанд. https://tajikpress.com/2024/05/13/%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d1%85%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%bd%d0%b8%d0%b3%d0%be%d1%80%d0%be%d0%bd-%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев