542308477170

Abdulloh )))Jomi(((

""""""""""""МАН РАФТАМ!"""""""""""" Агар бе ман дилат шод аст, шодон бош, ман рафтам! Зи дуриям хуши? Хушбахти даврон бош, ман рафтам! Гиристам, нола кардам, илтичо кардам, намеойи, Ба таркам дилхуши? Дилхуш хаминсон бош, ман рафтам! Худат мегуфти; "Бе ту зиндаги кардан намехохам!" Кунун бо харки будан хохи, хохон бош, ман рафтам! Ба гиря "Чони ман хасти" хамегуфти, дуруге буд??? Ва ё "Чон"-и дигар мечуйи? Чуён бош, ман рафтам! Тамоми хохишат ичро намудам харчи буд, охир, Зи ман ру тофти пинхони, пинхон бош, ман рафтам! Агар пиндошти,ки булхавас хастам, хато карди!!! Садокатмандатам!!! Чун некгумонон бош, ман рафтам! Напиндори,ки бо аз сахфа рафтан мекунам таркат,
542308477170

Abdulloh )))Jomi(((

Магар, эй беҳтар аз ҷон, имшаб аз ман беҳтаре дидӣ, Ки рух тобидиву дар ман ба чашми дигаре дидӣ? Зи ашки ман чӣ медонӣ гарониҳои дардамро? Зи тӯфон шабнаме дидӣ, зи дарё гавҳаре дидӣ. Ба ёд овар, ки мехоҳам дар оғӯшат супорам ҷон, Дар оғӯши саҳар дар осмон гар ахтаре дидӣ. Ало, эй дидаи ҷонон, зи афсунҳо чӣ менолӣ? Накардӣ хештанбинӣ, куҷо афсунгарӣ дидӣ? Маро мондаст ақле хушку домоне тар аз дунё, Бисӯз, эй оташи ғам, ҳар куҷо хушку таре дидӣ. Туро ҳақ медиҳам, эй ғам, ки даст аз ман намедорӣ, Ки бо камтар касе ин сон дили ғампарваре дидӣ. Маро, эй боғбони дил, агар сӯзӣ, сазоворам, Ки дар гулшан ниҳоли хушки бебаргу баре дидӣ. Тиҳидастӣ насиби шоха аз ҷаври хазон омад, Миёни боғ агар ганҷ
542308477170

Abdulloh )))Jomi(((

БАҲОР ОХИР ШУД... Бе ту, эй моҳи шаби тор, баҳор охир шуд, Бе ту, хуршеди пуранвор, баҳор охир шуд. Ту дар ин фасли муҳаббат, ки набудӣ ба барам, Бо дили хаставу хуншор, баҳор охир шуд. Баски ту тарки мани хастаҷигар карда будӣ, Бо ғаму ғуссаи бисёр баҳор охир шуд. Ман, ки имрўз дар ин шаҳр муқимӣ шудаам, Бе ту, эй духтари кӯҳсор, баҳор охир шуд. Ҳар баҳорон зи чаман баҳри ту гул мечидам, Бе ту, эй зиннати гулзор, баҳор охир шуд. Дили ман аз алами ишқи ту мотамзада аст, Бе ту, эй ғамбару ғамхор, баҳор охир шуд. Кӯҳзод Фатҳулло
542308477170

Abdulloh )))Jomi(((

Ту як бозингари, ман хуб медонам. На ёру ёвари, ман хуб медонам. Ба ман гарчи ту мегуи сухан аз Ишк, Вале афсунгари, ман хуб медонам. Ту исёне ба марзи синаам карди, Ту як игвогари, ман хуб медонам. Ту дар паймонаи чашмони бемехрат, Ба ман гам овари, ман хуб медонам. Сиришки ту надорад шурии хичрон, Ту бе дарди сари, ман хуб медонам. Ту аз хусни базеби хеш мефахри, Ту як худпарвари, ман хуб медонам. Туро харфи хуши кас мебарад аз худ, Басо зудбовари, ман хуб медонам. Ба гавхар мефуруши ту мухаббатро, Ту шайдои зари, ман хуб медонам. Бирав аз ман, дубора барнаё дигар, Ту ёри дигари, ман хуб медонам....
542308477170

Abdulloh )))Jomi(((

Туро ман дӯст дорам бениҳоят, Ҳамин давлат маро бошад кифоят Фаромӯшам макун эй ҷони ширин Магӯ дигар аз ишқи худ ривоят. Агар аз ғуссаҳоям Ӯст розӣ, Чаро созам ман аз қисмат шикоят?! Камолу қудрати занро, Худованд, Навишт андар ҳадису зикру оят. Далели хандаҳои ман ту ҳастӣ Бимирам бар дили шодифизоят! Фидоят мешавам, бигзор гӯям: --Туро ман дӯст дорам бениҳоят. Махфират Юсуфӣ
542308477170

Abdulloh )))Jomi(((

Мурдам аз дарду намеои ба болинам хануз Марги худ мебинаму руят намебинам хануз. Орзу мурду, чавони рафту ишк аз дилгурехт, Гам намегардад чудо аз чони мискинам хануз. Бар лаб омад чону, рафтанд ошноён аз сарам, Шамъро нозам,ки мегиряд ба болинам хануз..
542308477170

Abdulloh )))Jomi(((

Гуфтам шабеҳи чашми туро ёфтам, дурӯғ! Оинаро ба сӯи дигар тофтам, дурӯғ! Таъриф карда ишқи нави хешро, ба ту, Аз он ҳазор қиссаи нав бофтам, дурӯғ! Гуфтам, ки одате ки ҳама шаб ба ёди ту, Бо моҳ ҳамнаво будам, партофтам, дурӯғ! Гуфтам, ки бо нигоҳи нахустин ба сӯйи ӯ, Падруд гуфта ҷабри ту, биштофтам, дурӯғ! Гуфтам, ки дод он санами некху ба ман, Он меҳрро, ки аз ту намеёфтам, дурӯғ! Гуфтам, ки синае, ки буди баста аз дарун, То ки туро бурун кунам, бишкофтам, дурӯғ! Худ гу, шабеҳи чашми ту ҷуз чашми ту куҷост? Ҷуз ишқи ту ҳар он чи ки ман ёфтам дурӯғ! Кадриддин Бобоев.
Показать ещё