Предыдущая публикация
Ҳамин давлат маро бошад кифоят
Фаромӯшам макун эй ҷони ширин
Магӯ дигар аз ишқи худ ривоят.
Агар аз ғуссаҳоям Ӯст розӣ,
Чаро созам ман аз қисмат шикоят?!
Камолу қудрати занро, Худованд,
Навишт андар ҳадису зикру оят.
Далели хандаҳои ман ту ҳастӣ
Бимирам бар дили шодифизоят!
Фидоят мешавам, бигзор гӯям:
--Туро ман дӯст дорам бениҳоят.
Махфират Юсуфӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев