Предыдущая публикация
Оинаро ба сӯи дигар тофтам, дурӯғ!
Таъриф карда ишқи нави хешро, ба ту,
Аз он ҳазор қиссаи нав бофтам, дурӯғ!
Гуфтам, ки одате ки ҳама шаб ба ёди ту,
Бо моҳ ҳамнаво будам, партофтам, дурӯғ!
Гуфтам, ки бо нигоҳи нахустин ба сӯйи ӯ,
Падруд гуфта ҷабри ту, биштофтам, дурӯғ!
Гуфтам, ки дод он санами некху ба ман,
Он меҳрро, ки аз ту намеёфтам, дурӯғ!
Гуфтам, ки синае, ки буди баста аз дарун,
То ки туро бурун кунам, бишкофтам, дурӯғ!
Худ гу, шабеҳи чашми ту ҷуз чашми ту куҷост?
Ҷуз ишқи ту ҳар он чи ки ман ёфтам дурӯғ!
Кадриддин Бобоев.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев