Предыдущая публикация
Ёд дорам, замоне чашмонат
Ҳарду зебову дилрабо буданд.
Ёд дорам, ки печиши мӯят,
Ҷумлагӣ хубу дилкушо буданд.
Ин ду рухсори зарду пажмурда,
Ҳамчу гулбарг пурназокат буд.
Дар дили ман, ки навҷавон будам,
Маҳвгардони тобу тоқат буд.
Ку ҳамон ҳусни бемисол, эй гул,
Рангу зебоии ту кай афсурд?
Як замон сад дил аз паят мерафт,
Ин замон вақт аз миёнаш бурд.
Хуб он рӯзҳои нотакрор,
Дафтари хотироти зебо шуд.
Ту будӣ, ишқ буду сӯзиши дил,
Шавқу умед ҳам таманно буд.
Гарчи имрӯз он шӯришу дард,
Дар дилу ҷони ҳардуи мо нест.
Дар миёни тамоми гумшудаҳо,
Ёд дорам туро, ҳамин кофист.
Ибодуллоҳ Одинаи МАФТУН
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3