Предыдущая публикация
ХУШБАХТӢ
Аз рассом хоҳиш карданд, ки расми хушбахтиро кашад. Вай соатҳо хаёл кард, ҷустуҷӯй намуд, лек ягон лаҳза дарёфт нашуд. Рӯз гузашт. Вақте ки ба хонааш омад, манзараи аҷоибро дид. Завчааш бо фарзандонаш дар хобкат якҷоя дам мегирифтанд. Аз боми кӯҳнаи хона чакраҳои борон мегузаштанд, лек фарзандонаш дар оғуши модар хушбахт дар хоби ширин буданд. Ӯ низ бо чатраш ба онҳо, ба бахти худ ҳамроҳ шуд. Ӯ хушбахт буд...
Паризода АБДУШУКУРОВА
аъзои маҳфили "Навқаламон"
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев