Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар як паёми видеоӣ гуфт: "Усулҳои террористон рӯз то рӯз мураккабтар ва бераҳмтар мешаванд ва инро бори дигар ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Крокус Сити дар наздикии Маскав нишон дод."
Ба гузориши ТоҷикПресс, Путин дар як паёми видеоӣ ба ширкаткунандагони 12-умин нишасти байналмилалии сатҳи баланд аз намояндагони масъули масоили амниятӣ, ки Шӯрои амнияти Федератсияи Русия дар Санкт-Петербург баргузор кард, гуфт: “Усулҳои террористон рӯз то рӯз мураккабтар ва бераҳмтар мешаванд ва инро бори дигар ҳамлаи террористӣ дар толори консертии Крокус Сити дар наздикии Маскав нишон дод.”
Путин гуфт, ки терроризм яке аз ҷиддитарин таҳдидҳои қарни 21-ум мебошад.
Раисҷумҳури Русия таъкид кард, ҳадаф аз ҳамлаҳои террористӣ, ки аз ҷониби хадамоти кашфии бархе аз кишварҳо низ пуштибонӣ мешавад, заиф кардани пояҳои конститутсия ва ноором кардани ҳукуматҳои мустақил аст.
Путин гуфт, хадамоти махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ошкор кардани тамоми ҷузъиёти ҳамлаи террористӣ дар Крокус Ситиро идома медиҳанд. https://tajikpress.com/2024/04/24/%d0%bf%d1%83%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d1%83%d1%81%d1%83%d0%bb%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d1%82%d0%b5%d1%80%d1%80%d0%be%d1%80%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d1%80%d3%af%d0%b7-%d0%b0%d0%b7-%d1%80%d3%af%d0%b7-%d0%bc/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев