579654306217

KING 2ÔÔ3

салом бародарон гуруххамон хеле кам учасник дорад аз шумо хохиш мекунемки дустонатонродават намоед пешаки 1000рахмат!
579654306217

KING 2ÔÔ3

салом бародарон илтимос як шеьр дар васфи истиклолият то рузи 8 сентябр ирсол кунед пешаки 100000000000000000000000000000000000000 рахмат!
571600521018

iii iii

Ташнаи нигоҳ Ҳошо ки назар ба бепаноҳе накуни Раҳме ба гадои русиёҳе накуни Мо ташнаи як нигоҳи пурмеҳри туем Имшаб накунад ба мо нигоҳе накуни
571600521018

iii iii

Кишваре ки Рудакиро зод ӯ Шеъри оламгир моро дод ӯ Кишваре ки дод бо табъи баланд Булбули дар ишқ шайдои Хуҷанд Хусрави моро баланд овоз кард Шоҳини Кулобро парвоз дод То занад ханҷар ба қалби душманон Шердил Темурмаликро зод он Нафрати Восеъ ба мадони набард Зиди ҳар золим дами шамшер кард Кишваре ки Вахши ӯ афсона шуд Аз фуруғаш нур дар ҳар хона шуд Кишваре ки гашт дар рӯи замин Шуҳравар бо пахтаи абрешамин Кишваре ки куҳсораш тоҷи ӯст Лолазораш дар баҳор амвоҷи ӯст Мардуми он бар ҳаму неки ҷаҳон Мекунад назора аз боми ҷаҳон Кишваре к-афтода буд аз ҷой хест Тоҷикистони ман аст он хурд нест
571600521018

iii iii

Туро ман бо ҳама шодиву ғамҳоят Туро бо шеъри шоирҳову духтарҳои зебоят Туро бо чашмаҳову куҳу дарёят Туро бо осмонҳоят Ҳамеша мепарастам Дуст медорам Туро бо мулкҳои бешуморе ошнои дод Туро бо ними дунё ёру ёвар кард Ба онон сарнавиштатро баробар кард Ва бо онон туро хешу бардодар кард Туро ман ҷовидон бо дустонат дуст медорам Туро бо дустони ҷовидонат дуст медорам Туро ман дуст медорам Туро ман дуст медорам
571600521018

iii iii

Тоҷикистон Ту бузургӣ Гарчи дар паҳнои дунё Ҷои ту куҳпояҳои танг буд Тахту бахти ҷумла фарзандони ту Куҳ буду санг буд Лек дар фазлу хирад Бекарон буданд паҳноҳои ту Ибтидои ибтидоиҳои тамаддун Буд дар маъвои ту Гуиё, ки дар ҷаҳон бори нахуст Гарчи шаънатро наҷусти аз дами шамшери тез Лек осон сар надоди, сар ба теғи золимон Додани ҳар як ваҷаб тую ҳар санги ту Буд аз сад бор ҷон додан гарон Оре, оре Асрҳое гарчи андар хоки ту Бар – бароне комрони кардаанд Лек фарзандони ту бо номи ту Ҷонфишони кардаанд Зери тиру теғ бо номи баланд Зиндагони кардаанд
571600521018

iii iii

Тоҷикистони куҳистон Тоҷикистони баланд Ман чи хушрузам, ки фарзанди ту ҳастам Бо ту бо ному нишони арҷманд Лек медонам чи душвор аст бо номи ту будан Дар баҳои давлати номи ту бурдан Бояд аз дарде нанолидан Бояд аз марге намурдан Ҳамчу куҳистон бубояд дар ҷаҳон манзур будан Чун Бухорову Бадахшон ҷовидон машҳур будан Қатра – қатра ҳамчу Вахши нурбахшат нур будан Дур аз ту пораи ноне тавон ёфт Бе ками ту чанду чандоне тавон ёфт Лек бе ту кист мегуяд ки имоне тавон ёфт Ҳам ба шодӣ, ҳам ба ғамҳо Ҳам ба виҷдон ҳам ба имон Сахт пайванди ту ҳастам Бо хушиву нохуши ман бахтпайванди ту ҳастам
571600521018

iii iii

Тоҷикему тоҷи мо чун оташ аст Оташему аз ниҳод оташпараст Оташи мо аз ниёгон омада Чун қиёми офтоб оташ ба даст Оташи моро араб бурду бикушт Мулки моро кард Искандар хароб Чингиз омад барбари Маҳмуди турк Дар ватан мо беватан бе хоку об Хоки мо шуд зери пои аҷнаби Шуд парешон дар ҷаҳон фарҳанги мо Гарчи онро ҳар куҷо бегона бурд Кам нашуд ин сарвати беинтиҳо Эй басо тороҷ моро кардаанд Сангборонҳо басе дидем мо Дона пошидем рӯи сангҳо Рӯзиро аз сангҳо чидем мо Гар замини тоҷикон гардид кам Ганҷи тоҷик лек бошад бегарон Мардуми тоҷик надорад чашми танг Мардуми чашмаш ҷаҳони мардумон
Показать ещё