Предыдущая публикация
Шеъри оламгир моро дод ӯ
Кишваре ки дод бо табъи
баланд
Булбули дар ишқ шайдои
Хуҷанд
Хусрави моро баланд овоз кард
Шоҳини Кулобро парвоз дод
То занад ханҷар ба қалби
душманон
Шердил Темурмаликро зод он
Нафрати Восеъ ба мадони
набард
Зиди ҳар золим дами шамшер
кард
Кишваре ки Вахши ӯ афсона
шуд
Аз фуруғаш нур дар ҳар хона
шуд
Кишваре ки гашт дар рӯи
замин
Шуҳравар бо пахтаи
абрешамин
Кишваре ки куҳсораш тоҷи
ӯст
Лолазораш дар баҳор амвоҷи
ӯст
Мардуми он бар ҳаму неки
ҷаҳон
Мекунад назора аз боми ҷаҳон
Кишваре к-афтода буд аз ҷой
хест
Тоҷикистони ман аст он хурд
нест
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев