Предыдущая публикация
Ту бузургӣ
Гарчи дар паҳнои дунё
Ҷои ту куҳпояҳои танг буд
Тахту бахти ҷумла фарзандони
ту
Куҳ буду санг буд
Лек дар фазлу хирад
Бекарон буданд паҳноҳои ту
Ибтидои ибтидоиҳои тамаддун
Буд дар маъвои ту
Гуиё, ки дар ҷаҳон бори нахуст
Гарчи шаънатро наҷусти аз
дами шамшери тез
Лек осон сар надоди, сар ба
теғи золимон
Додани ҳар як ваҷаб тую ҳар
санги ту
Буд аз сад бор ҷон додан гарон
Оре, оре
Асрҳое гарчи андар хоки ту
Бар – бароне комрони
кардаанд
Лек фарзандони ту бо номи ту
Ҷонфишони кардаанд
Зери тиру теғ бо номи баланд
Зиндагони кардаанд
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев