Ва ворид шудан ба биҳишт фақат бо фазлу раҳмати Аллоҳ таъоло мебошад
Агарчи банда пуртоъат ва ибодат бошад
Агарчи банда аъмоли солиҳа зиёд анҷом диҳад барояш фоидае намедиҳанд магар ин ки Аллоҳ таъоло он бандаро бо фазлу карами хеш вориди биҳишт кунад
Қуръони карим мефармояд
وَتِلْكَ الْجَنَّةُ الَّتِي أُورِثْتُمُوهَا بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ (72) الزخرف
Ва ( ин ) ҳамон биҳиште аст ки ба (подоши ) ончи ки анҷом медодед онро ба мерос бурдаед
(ояти-72-и сураи Зухруф)
Гурӯҳи муътазила ин ояти муборакаро далил мегиранд ки банда вориди биҳишт намешавад магар бо амалаш
Аммо аҳли суннат ва ҷамоат мегӯянд аввал раҳмати Аллоҳ таъоло аст болои бандаи заъиф ки ӯро аввалан дар амали хайр муваффақ мегардонад пас бо лутфу меҳрубонии худ он амалро аз бандааш мепазирад
Пас инҷо ҳадиси саҳиҳ ва сариҳе аст ки ин масъаларо ҳал мекунад
Ҳадис ин аст
Аз Абуҳурайра (разиаллоҳу анҳу) ривоят аст ки гуфт
Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гуфт
Ягон кас бо амалаш вориди биҳишт намешавад
Гуфтанд ҳатто ту ё расули Худо ?
Гуфт ҳатто ман ҳам магар ин ки Аллоҳ таъоло маро бо фазли худ ва раҳматаш пӯшонад
Пас шумо дар роҳи расидан ба хушнудии Аллоҳ таъоло хуб кӯшиш кунед агар оҷиз мондед ба қадри тавонои бикӯшед ва баъди он башорат бод шуморо хушнудии Аллоҳ таъоло
Ва ягон касе аз шумо маргро орзу накунад
Шояд накукоре бошеду дар оянда аъмоли некро зиёдтар кунед ё шояд бадкоре бошеду ба Худо баргардад
(тахриҷи имом Бухори)
(тахриҷи имом Муслим)
لَنْ يُدْخِلَ أحَدًا عَمَلُهُ الجَنَّةَ. قالوا: ولا أنْتَ يا رَسولَ اللَّهِ؟ قالَ: لا، ولا أنا، إلَّا أنْ يَتَغَمَّدَنِي اللَّهُ بفَضْلٍ ورَحْمَةٍ، فَسَدِّدُوا وقارِبُوا، ولا يَتَمَنَّيَنَّ أحَدُكُمُ المَوْتَ: إمَّا مُحْسِنًا، فَلَعَلَّهُ أنْ يَزْدادَ خَيْرًا، وإمَّا مُسِيئًا، فَلَعَلَّهُ أنْ يَسْتَعْتِبَ.
الراوي : أبو هريرة | المحدث : البخاري | المصدر : صحيح البخاري
الصفحة أو الرقم: 5673 | خلاصة حكم المحدث : [صحيح]
التخريج : أخرجه البخاري (5673)، ومسلم (2816)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев