Такрори дуъо ҳадди ақал (кам) се маротиба.
Илҳоҳу (дархост кардан) тазаррӯъ ва изҳори аҷзу (шикастагӣ) ддрмондагӣ.
Аз самими қалб дуъо кардан ва умеди қабулият доштан.
Тариқаи дуъо кардан
Банда вақти дуъо мебояд, ки ҳар маъсияте (гуноҳе), ки
карда бошад пеши дил наёрад ва на ҳеҷ тоате, зеро ки агар тоат пеши дил дорад ва он уҷб (худбинӣ) бошад ва дуъо ба уҷб мустаҷоб нашавад. Ва агар маъсият пеши дил орад дар боварии дуъо сустӣ орад. Пас вақти дуъо назари хос бар ра ҳмати Ҳақ таъоло мебояд дошт ва муқин (боварӣ) бояд буд, ки албатта ин дуъо мустаҷоб аст, иншоаллоҳи таъоло. Вақти дуъо бояд, ки ҳар ду даст кушода бошад ва баробари сина. Ва ҳ амчунин омадааст, ки ҳар ду даст муттасили якдигар бояд дошт ва нек баланд бояд дошт. Ва ҳамчунин сурат бояд баст, ки гӯӣ ҳамин замон чизе дар дасти ӯ хоҳанд андохт. Дуъо таскини дил аст, Худои таъоло медонад, ки чӣ мебояд кард.
Ин буд каме аз аҳамияту фазоили дуъо, ки пешкаши шумо шуд. Ва дар охир чанд байте аз Мирзо Муҳаммадалӣ Соиби Табрезӣ (раҳматуллоҳи ъалайҳ) дар баёни ин матолиб аст меоварем. Байтҳо:
Дасти хоҳиш чун садаф макшой пеши хокиён,
Ҳар чӣ мехоҳад дилат аз олами боло талаб.
* * *
То чун садаф кунанд туро махзани гуҳар,
Бардор сӯи олами боло кафи ниёз.
* * *
Давлат на чарогест, ки хомӯш шавад зуд,
Фонус, агар аз дасти дуъо дошта бошад.
* * *
Аз дари Ҳақ ба дари халқ чаро бояд рафт,
Шиква аз ёр ба агёр намебояд кард.
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Азизу
Ҳар кӣ ин исми «ё Азиз»-ро то чиҳил рӯз чиҳил маротибагӣ бихонад, Худованди таъоло ӯро азизу ғанӣ мегардонад. Ва ҳар кӣ ҳамеша пас аз фарзи намози бомдод чиҳилу як бор бихонад, Худо хоҳад ба касе мӯҳтоҷ нашавад.
Ваҳҳобу
«Ё Ваҳҳоб» эй бағоят бахшандаи анвоъи атоё ва наъами зоҳиру ботин бесабаб ва беғараз. Ва асҳоби даъавоти ин исм ва мустафидони хосиёти асмо фармудаанд, ки ин исмест касирул-баракот ва ъазимул-хосиёт ва сабаби суръати иҷобати даъват ва хосиёти ӯ аз он бештар аст, ки ба тақриру баён рост ояд. Ва акобирон фармудаанд, ки ҳар кӣ хоҳад дуъое бикунад ҳафт бор «Ё Ваҳҳоб» бигӯяд, албатта ӯ ро Ҳазрати Ҳақ суб ҳонаҳу ва таъоло иҷобат кунад. Ва ҳар кас, ки чизе талабад, ё ба дасти хасме дар қайд афтад ва гирифтор бошад, ё дар ризқи ӯ тангӣ бошад, ё дар касби ӯ бисёр манфиъат набошад, ё соликеро дар роҳ фатҳе падид наёяд
7
бояд, ки се шаб, ё ҳафт шаб дар нимаи шаб вузӯ созад ва ду ракаъат намоз бикунад ва сар бараҳна кунад ва ду даст бардорад ва сад бор «Ё Ваҳҳоб» бигӯяд ва баъд аз он рафъи ҳоҷот бикунад ба Ҷаноби Ҳазрати Қозиюл-ҳоҷот. Ва Ҳақ субҳ онаҳу ва таъоло ҳоҷати ӯро раво гардонад. Ва гуфтаанд, агар касе мудовимат намояд бар он, ки баъд аз намози чошт саҷда кунад ва ҳафт бор «Ё Ваҳҳоб» гӯяд Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло ӯро тавонгарӣ бахшад. Ва ҳар кӣ бар адади таксир (14 бор) даъват кунад ин исмро муддати чиҳил рӯз ба ҳузури қалб ва меъдаи холӣ, он чӣ толиби он аст ёбад. Ва манқул аст, ки азизе яке аз машоихро дид, ки бо муридону асҳоб ҳама ағниёанд. Аз баъзе аз он муридон пурсид, ки: Шайх шуморо аз асмо кадом исмро талқону таълим карда? Он мурид гуфт: Мудовимати мо бар исми «Ваҳҳоб» аст. Шахсе, ки мубталои камбағалӣ бошад, ин исми «ё Ваҳҳоб»-ро бисёр хонад ва ё дар саҷдаи охири намози чошт чиҳил маротиба бихонад, Худо хоҳад аз ин камбағалӣ наҷот меёбад. Агар ҳоҷати махсусе пеш ояд, пас дар хона ва ё дар саҳни масҷид се бор саҷда карда, даст бардошта сад бор ин исмро хонад, Худо хоҳад ҳоҷаташ раво гардад.
Ё Қобизу
Агар шахсе ин исми «ё Қобиз»-ро ба чаҳор луқмаи таом
навишта, то чиҳил рӯ з пайваста бихӯрад, Худо хоҳад аз машаққату нороҳатӣ ва гуруснагиву ташнагй ва захму дард ва ғайруҳу маҳфуз мемонад.
Ё Боситу
Пас аз намози чошт даст ба сӯи осмон бардошта ин
исми «ё Босит»-ро даҳ бор бихонад ва даст ба рӯи худ бимолад, Худо хоҳад мӯҳтоҷи касе нагардад.
Ё Рофиъ
Ҳар кӣ шаби чаҳордаҳуми ҳар моҳ ба вақти нисфи шаб
ин исми «ё Рофиъ»-ро сад бор бихонад, Худованди таъоло ӯро аз мардум бениёз ва тавонгар месозад.
Ё Фаттоҳу
Ҳар киро кор баста шавад, бояд ин исми «ё Фаттоҳ»-ро
бисёр бихонад, он кор дар ҳол кушода гардад.
Латифу
Ҳар кӣ рӯзона исми «ё Латиф»-ро як саду севу се бор бихонад, Худо хоҳад дар ризқи вай баракат ояд ва корҳояш ривоҷу равнақ гирад. Шахсе, ки дар мусибате ва ё камбағалӣ мубтало аст, дар як вақте ба хубӣ таҳорат карда, ду ракаъат намоз хонда ва матлабашро дар дил оварда ин исми «ё Латиф»-ро сад бор бихонад, Худо хоҳад комёб мегардад.
Ё Муғнӣ
Ҳар кӣ ҳар рӯз ҳазору сад бор ин исми «ё Муғнӣ»-ро бихонад, ё як ҳазору дусаду шасту ҳафт бор бихонад, тавонгар ва бениёз гардад.
Ё Шакуру
Шахсе мубтало дар тангии маишат ва ё дар нороҳатӣ ва .
заҳмат, агар рӯзона чиҳилу як бор ин исми «ё Шакур»-ро бихонад, Худо хоҳад наҷот ёбад.
* * *
Ҳар киро муҳимме пеш ояд, ҳафт рӯз аз рӯзи ҷумъа сар карда бихонад. Рӯзи ҷумъа сад бор «Ё Аллоҳу, ё Воҳиду» ва рӯзи шанбе сад бор «Ё Раҳмону, ё Раҳиму» ва р ӯзи якшанбе сад бор «Ё Воҳиду, ё Аҳаду» ва рӯзи душанбе сад бор «Ё Самаду, ё Фарду» ва рӯзи сешанбе сад бор «Ё Ҳайю, ё Қайюму» ва рӯзи чаҳоршанбе сад бор «Ё Ҳаннону, ё Маннону» ва р ӯзи панҷшанбе сад бор «Ё Залҷалоли вал-икрому» бигӯяд.
* * *
Барои фарохии ризқ бояд, ки ин оятро як ҳазору як бор ба таваҷҷӯҳи дил бихонад. Ояти карима ин аст:
Аплоҳу латифум -биъибодиҳи юрзақу мий-яшоу ва ҳувал-қавийюл-ъазиз.
* * *
Дар хонае, ки ҳар рӯз сураи «Қоф»-ро бихонанд, соҳиби он хона доим ба давлату саодат ва иззату каромат ва аз
хориву зиллат маҳфуз монад ва ба ҷиҳати афзунии давлат дар ҳар шаби ҷумъа се бор ин сураро бихонанд.
* * *
Аз Ҳазрати Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд (раҳматуллоҳи ъалайҳ) нақл карда шудааст, ки: Ҳар касе, ки сураи «Фил»-ро баъд аз адои намози пешин бисту як бор бихонад, тавонгар шавад ва ризқаш аз ғайб бирасад. Сураи «Фил» ин аст:
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Алам тара кайфа фаъала раббука биасҳобил-фил. Алам яҷъал кайдаҳум фӣ тазлил. Ва арсала ъалайҳим тайран абобил. Тармиҳим би ҳиҷоратим-мин сиҷҷил. Фаҷаъалаҳум каъасфим-маъкул.
* * *
Агар касе дар вақти боридани борон сураи «Кавсар»-ро як саду як бор бихонад, дуъояш ба иҷобат қарин хоҳад шуд. Сураи «Кавсар» ин аст:
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Инно аътайнокал-кавсар. Фасаллили раббика ванҳар. Инна шониака ҳувал-абтар.
Дуъои «Фатҳнома»
Аз Ҳазрати Зиндафил (ра ҳматуллоҳ и ъалайҳ) нақл карда шудааст, ки: Ҳар кӣ ин дуъоро бо ихлоси дуруст бихонад, ё бо худ нигоҳ дорад, Худои таъоло ӯро аз шарру макри ҳосидон ва аз балоҳои охируз- замон дар ҳифзу ҳимояти худ нигоҳ дорад ва ӯро чаҳор чиз каромат фармояд: Аввал, умри дароз. Дуввум, ризқи фаровон. Саввум, хайру баракат дар касбу кор. Чаҳорум, имон ба саломат. Дуъои «Фатҳнома» ин аст:
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим.
Аллоҳуммафтаҳ лано абвобал-хайри вал-баракати
фил-ъумри, иннака антал-ваҳҳоб, ё ъазизу, ё ғаффору, ё кариму, ё саттору, фаллоҳу хайрун ҳофизо
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев