Ҳ. Ҳар ки бошӣ дар ҷаҳон охир зи дунё меравӣ,
У. Умр-агар чун Нуҳ гардад ҳам аз-ин ҷо меравӣ.
С. Садҳазорон сол-агар созӣ ба дунё сарварӣ.
Н. Ногаҳон аз дори фонӣ сӯи уқбо меравӣ.
И. Ин дилӣ аз ғам бурунат метапат бо сад умед,
Д. Дар авохир бо дилӣ пур аз таманно меравӣ.
Д. Дар канорӣ ёру ёронат надорӣ хавф ҳеҷ,
И. Инчунин аз ҷамъи ёрон тоқу танҳо меравӣ.
Н. Ними умрат рафт чун бодӣ сабо ҳушёр бош,
Ш. Шамъи дил хомуш чун гардид аз мо меравӣ.
А. Аз шақоват аз адоват аз фасодат дур бош,
Р. Роҳи ҳақро пеша кун имрузу фардо меравӣ.
И. Илтиҷову илтимосатро ба ки хоҳи бигуфт?
П. Пеши дар ояд малак чашмат ба боло меравӣ
О. Ончунон дар роҳи ҳақ побанд бошу устувор,
В-ар на бо