МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ - АЛӢ БУДУ АЛӢ БУД
----------------------------------------------------
То сурати пайванди ҷаҳон буд, Алӣ буд
То нақши замин буду замон буд, Алӣ буд.
Шоҳе ки валӣ буду васӣ буд, Алӣ буд
Султони сахову караму ҷуд Алӣ буд.
Ҳам Одаму ҳам Шайсу ҳам Аюбу ҳам Идрис,
Ҳам Юсуфу ҳам Юнусу ҳам Ҳуд, Алӣ буд.
Ҳам Мусиву ҳам Айсиву ҳам хизру ҳам Илёс,
Ҳам Солеҳпайғамбару Довуд, Алӣ буд.
Масҷуди малоик чу шуд одам, зи Алӣ шуд,
Одам чу яке қиблаву масҷуд, Алӣ буд.
Он кошифи Қуръон, ки Худо дар ҳама Қуръон,
Кардаш сифати исмату бистуд, Алӣ буд.
Он орифи саҷҷод ки хоки дараш аз қадр,
Аз кунгураи арш барафзуд, Алӣ буд.
Ҳам аввалу ҳам охиру ҳам зоҳиру ботин,
Ҳам обиду