Сафҳагардонии ҳар сомона бар ҷонам задаст,
Ку китобу дафтарам? Ройона бар ҷонам задаст.
Як нафас озод мехоҳам будан аз қилуқол,
Баҳси нофарзона бо фарзона бар ҷонам задаст.
Аз ҳузури беҳузури хештан хуш нестам,
Чеҳраи пурчини соҳибхона бар ҷонам задаст.
Ҳисси танҳоӣ чаро ин қадр ранҷам медиҳад?
Ҷон даруни сина бе ҷонона бар ҷонам задаст.
Шаб, чароғи хонаи моро ба ғорат бурдаанд,
Хилвати бепартави парвона бар ҷонам задаст.
То зи мастӣ растаам, дунё саросар маст буд,
Соқиву май, гардиши паймона бар ҷонам задаст.
Гову хар ҳам ҳуҷҷати шахсиятӣ дарёфтанд,
Дунии дунё - саги девона бар ҷонам задаст.
ЛГБТ- рамзи ваҳшу рамзи фаҳшу рамзи наҳс,
Нағмаҳои ноҷавонмардона бар ҷонам задаст.
Пур шуд ин олам