Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегўянд: "Дунё ҳамааш матоъ аст ва бехтарини матоъи он зани нек аст". (Чомиъус сағир). Ва аз некии ахлоқи ў ва ҳусни муошираташ мебинем, ки модари муъминонро бо латофат хитоб мекунад ва хабареро, хабар медихад, ки аз шунидани он дили инсон ба хайрат мемонад. Оиша мегўяд: Рузе паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт: "Эй Оиша ин Чабраил аст ва ба ту салом мегўяд". (Бухори ва Муслим). Боз як аз мисолҳои ҳусни муошират ва шинохти рағбатҳои отифи, ки медиҳад ба ў манзилае, ки ҳар як зан дўст медорад, ки дар назди шавҳараш чунин мартаба дошта бошад. Об менушид дар ҳоле ки ҳоиз буд, баъд ба паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам медод ва ў лаби худро мегузошт дар