МАФЗУН ( Интизорам, интизори занги ту, Бо дили пажмурдаву махзуни хеш, Бо умеди занги тилфонат хануз, Чашмчорам, гашта калбам реш-реш. Интизорам, интизори мекашам, То бубинам чехраи зебои ту, То кунун ояд ба гушам хар замон Хам садою хандаю овои ту. Бо бахона, бо умеди сухбатат, Бар ту гуям,ки ба ман «фасона» гуй, Пирдарахти руи рохи хонаам, Гашта имруз бахри ман афсонагуй. Боз дорам ман хавои диданат, То биёиву бубинам руи ту, Ай паризодам,бишав мехмони ман, То бибусам ман лабу гесуи ту. Интизорам, интизори мекашам, Занги тилфонат чи хуш дорад садо, Ту ба дунёи дилам, ворид шав, Бо хавою, бо садою, бо наво.