Бисмиллохир рахмонир рахим
Эй ки дорӣ ақлу зебу зӣннате
Гуш бо ман кун даме бо рағбате
Нур афшонам саропо гӯш шав
Ҷамъ кун хотир даме хомуш шав
Он замоне ки худои ломакон
Ҳақ нокарда замину осмон
Ҷумла мавҷудот буд ғарқи адам
Не замону не макону не кайфу ка
Аршу курсию ва он лавҳу қалам
Ҷумла мавҷудот дар мулки адам
Ҳашт ҷаннат буд гулзори адам
Ҳафт дузах низ дар нори адам
Чор унсурро нишоне ҳам набуд
Шаш ҷиҳатро достоне ҳам набуд
Одаму ҳаввову он хокаш набуд
Нахлӣ гандум синаи чокаш набуд
На Азозил рондаи мардуд буд
На Микоилҳо ба вай масҷуд буд
На ки Исрофил буду на Ҷабраил
На барӯзе буд Микоил вакил
Қобизуларвоҳ худ бе руҳ буд
Дар рухаш бобӣ ад