Аз ҳакиме пурсиданд: Баракат дар мол, яъне чи?
Ҳаким дар посух чунин мисоле овард: Гӯсфанд дар як сол як бор таваллуд мекунад ва ҳар бор як ё гоҳо ду барра ба дунё меорад. Саг дар як сол ду бор таваллуд мекунад ва ҳар бор 6 то 7 бачча ба дунё меорад. Ба таври табиӣ шумо бояд галлаҳои сагро бубинед, ки як ё ду гӯсфанд канори онҳо бошанд, аммо дарвоқеъ баръакс аст. Галоаҳои гӯсфандонро мебинед, ки як ё ду саг канори онҳост.
Яъне Худованд баракатро дар зоти гӯсфанд қарор дод ва аз саг гирифт.
Моли ҳаром низ ҳамин гуна аст; фузунӣ дорад, аммо баракат на.
Бояд ҳамеша дар бораи "моли ҳалол ва баракат дар он" фикр кунем.
t.me/azharzoveya