Ростӣ бо Худо нишонаи ростии инсон дар зиндагӣ аст ва вафо кардан ба аҳди Парвардигор нишонаи вафодорӣ, амонатдорӣ ва садоқати ӯ дар муъомилоти мардум аст. Шахсе бо Худо рост набошад, бо халқи Худо низ рост нест. Шоире дар ин бора мефармояд:
Побанди амри Ҳақ чун найӣ, аз вафо малоф,
Бо Холиқат чӣ кардӣ, ки бо халқи Ӯ кунӣ?