Подшоҳе ба вазираш гуфт: Се суол мекунам, фардо агар ҷавоб доди вазир асти ва агар на, аз мақомат барканор мешави. Суоли аввал: Худованд чи мехурад? Суоли дуввум: Худованд чи мепушад? Суоли севвум: Худованд чи кор мекунад? Вазир, ки ҷавоби саволҳоро намедонист, нороҳат буд. У ғуломи доно ва бисёр зирак дошт ва ба у гуфт: Шоҳ се суол аз ман пурсидааст, агар ҷавоб пайдо накунам, аз мансабам барканор мешавам ва суолҳоро ба ғулом гуфт. Ғулом гуфт: Ҷавоби ҳаммаи суолҳоро медонам вале ҳоло фақат ду ҷавобро мегуям. Инки Худованд чи мехурад, ғами бандаҳояшро мехурад. Инки Худованд чи мепушад, айби бандаҳояшро мепушад. Аммо посухи саввумиро иҷоза диҳед фардо бигуям. Фардо вазир ва ғулом назди подшоҳ