Предыдущая публикация
Муҳтавои зиндагӣ сар то ба по ояд ба ёд.
Авҷи гул дар мавсими гул-гул шукуфтанҳои фасл,
Он чи зебоист, бе чуну чаро ояд ба ёд!
Хотири отир зи атри навбаҳори зиндагӣ,
Давраи бебозгаште, ҳолиё ояд ба ёд!
Мактаби деҳоту устодони бо илму ҳунар,
Хотирот аз навҷавонӣ борҳо ояд ба ёд!
Беғубории фазои рӯзгору рози дил,
Сӯҳбати ширини ҳамсинфон басо ояд ба ёд!
Кимиёи ҳастиро эҳсос кардан бо ҳавас,
Доштан аз ҳамдигар чашми вафо ояд ба ёд!
Ҳар касе бардошт аз нӯши мурувват баҳрае,
Воҷидо, он чун сурури ошно ояд ба ёд!
( Vojidi Ashti )
22.04.2024
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев