Р У Б О И Ҳ О
Маҷбур манам, ки фикрати марг кунам,
В-ин фитнасарои кӯҳнаро тарк кунам,
Бар ҳар қадами умр зи по меафтам,
Чун оқибати ҳаётро дарк кунам?
لكمФ А Р Д О ЧИ М Е Ш А В А Д ?
( шеър дар бораи сулҳ)
Имрӯзҳо мушаввашам; - Фардо чи мешавад?
Олам чи дард мекашад? Дунё чи мешавад?
Оқил чи рой мезанад? Ҷоҳил чи мекунад?
Олуда шуд гар оби руд, дарё чи мешавад?
Садҳо Сарону Сарварон саргашта то ҳанӯз,
К-аз ҷони худ пурсанд гаҳ;- Ҷоно, чи мешавад?
Ку амну айш, то Ҷаҳон гардад Муҳити Сулҳ?
Бас қоим аст сад хатар, оё чи мешавад?
Гар маҳв баҳру бар шавад, дод ин Қиёмат аст,
Исён,ки зад фано чу дев уқбо чи мешавад?
Инсон чи сон раҳо кунад худро зи ҷангу ҷӯш?
Тадбирҳои муҷмали доно чи мешавад?
Воҷид, баҳори зиндагӣ бе авҷи гул мабод!
То сулҳу ҳам салоҳ нест фардо чи мешавад?
( Vojidu Ashti ) Абдурахманов Вожидхон (04.05.
Р У Б О И Ҳ О
Ҷоҳил надиҳад бар сухани оқил гӯш,
Аз ҷаҳл кунад, ҳамеша фарёду хурӯш,
То лаҳзаи инқирози ӯ бода бинӯш,
Чун бод дигаргуна вазад, ҷома бипӯш,!
جاهل ندیهد بر سخنِ عاقل گوش،
و-ز جهل کند، همیشه فریاد و خروش،
تا لهظه ی انقراضِ او باده بنوش،
چون باد دگرگونه وزد، جامه بپوش!
( В о ҷ и д и А ш т ӣ )
24.04.2024
ُ