Зи дури дуриҳо бар ту дуруду сад салом Модар, Зи фарзандони раҳдурат салому ҳам паём Модар. Дуо кун баҳри фарзандон дуоят мустаҷо гардад, Ки беҳтар аз дуои ту набошад ҳеҷ калом Модар. Набуди ту агар модар набудем мо дар ин дунё, Надорад кас дар ин дунё мисоли ту мақом Модар. Ту ҳам офтобу ҳам маҳтоб,ки бе ту торикаст дунё, Нагардад чашми рӯзи мо кушода субҳу шом Модар.