Аз мо ризою норизо, як соли умри мо гузашт,
Ҳам бобаҳо ҳам бебаҳо, як соли умри мо гузашт.
Гармою сармояш куҷо? Шодию андуҳаш куҷо?
Шуд ину онаш ҳам фано, як соли умри мо гузашт.
Ранҷидаву ранҷондаем, ранҷондаву ранҷидаем,
Ранҷидаҳо, ранҷондаҳо, як соли умри мо гузашт.
Бас тоқҳо ҷуфте шуда, бас ҷуфтҳо тоқе шуда,
Бо бевафоию вафо, як соли умри мо гузашт.
Аз ҷодаҳои зиндагӣ, аз растаҳои ошиқӣ,
Ноошною ошно, як соли умри мо гузашт.
Он ҳафту чораш ёд бод, он сесаду шасту шашаш,
Ҳам бохато, ҳам бехато, як соли умри мо гузашт.
Аз рӯз бояд сол кард, аз сол бояд аср кард,
Ин аст, ёрон, муддао, як соли умри мо гузашт.