Яке бечораву танҳо, Яке лабташна дар саҳро, Яке бедард,бепарво, Аҷаб дунёст ин дунё. Яке чун моҳие дар шаст, Яке бепул, яке пулмаст, Яке бепо , яке бедаст Аҷаб дунёст ин дунё. Яке ба лаъли хандон аст, Яке бо чашми гирён аст, Яке бо ҷони ларзон аст, Аҷаб дунёст ин дунё. Яке ёри вафодор аст, Яке бераҳму қаттол аст, Яке муштоқи дидор аст, Аҷаб дунёст ин дунё. Яке аз одами дур аст, Зи сарват масту маъмур аст, Ба фикраш аз худо зур аст, Аҷаб дунёст ин дунё. Яке аз бача безор аст, Яке ба нохуунаш зор аст, Ба ёди бачча бемор аст, Аҷаб дунёст ин дунё. Яке аз кӯдаки мирад, Яке аз гуруснаги мирад, Зи ҷабри зиндагӣ мирад, Аҷаб дунёст ин дунё. Яке аз ишқ девона, Миёни мардум афсона, Яке бекую бехона, Аҷ