ҲИҶОБ ҲАЁ АСТ
Он Ҳазрат (с) мефармояд:” Ҳар дин ахлоқе дорад ва ахлоқи дини Ислом ҳаё аст”. Инчунин мефармоянд: ”Ҳаё аз имон аст ва ҷои имон дар биҳишт аст”.
Ҳамчунин мефармоянд:”Ҳаё ва имон ба ҳам пайвастаанд, агар яке бардошта шавад, дигаре ҳам бардошта мешавад”. Уммулмўъминин Ҳазрати Оиша (р.з)мефармояд:”Ба хонае, ки Расулуллоҳ (с) ва падарам дар он дафн шуда буданд, ворид мешудам ва либосамро ба замин мегузоштам ва бо худ мегуфтам: яке шавҳарам ва дигаре падарам аст. Аммо савганд ба Худо аз вақте ки Умар (р.з)дар он ҷо дафн гардид, ҳар вақт, вориди хона мешудам ба иллати шарм ва ҳаё аз Умар (р.з)либосамро мўҳкам ба баданам мебастам.”
Дар натиҷа ҳиҷоб мувофиқ ва созгор бо ҳаёест,