Рузе Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) дар Макка буданд. Ногаҳон Ҷабраили Амин (А.с.) ба назди Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) омад гуфт: Ай Муҳаммад, ман як назар ба суйи дузах кардам, нисфи уммати ту дар дузах месухтанд. Вақте, ки ин суханро Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) шуниданд, ба суйи куҳҳои Макка давида рафтанд. Саҳобаҳо, пайравони Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) аз оқиби Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) шитоб карданд ва уро наёфтанд. Чаҳор руз Ҳазрати Муҳаммад (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро кофтанд, вале аз у хабаре нест. Билохира саҳобаҳо ба назди чупоне расиданд. Он чупон сараш хам буд ва гусфанд бонӣ дошт. Пурсиданд