Аҳли суннат ва ҷамоъат киро мегӯянд? Мухтасаран: Аҳли суннат ва ҷамоъат онҳоеро гӯянд, ки илман ва амалан ва дар соири умури хеш аз ибодот ва муъомалот ва эътиқодот пайрави суннати набавӣ мебошанд ва бар ин мабдаъ (яъне мабдаъи Иттибоъ) ҷамъ шудаанд. Тафсил: Калимаи суннат дар асли худ итлоқ мешавад ба сират ва равиши Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва аммо дар инҷо ба маънои роҳу равиш ва тариқати Паёмбар ва ёрону олу асҳобаш ва аиммаи дин аст. Ва ҳар касе, ки дар фаҳму дарк ва таҳқиқи масоили дин (тадайюн) аз инҳо пайравӣ кард аҳли суннат мебошад. Ва дар акси ин аҳли бидъат аст. Аммо ҷамоъат дар инҷо ба маънои ҷамъ шудан аст бар ин суннат ва равиш. Суннат ва тариқаи Паёмбар ва