Предыдущая публикация
То шавам сер аз дидори меҳрборат,Модарам.
Хонаҳо холиву,дар пештоқи хона расми ту,
Ман бимирам, ки надидам,чашми чорат Модарам.
Пушти расмат кардаи, бар ман васиятҳои худ,
То набошам баъди ту, ман хору зорат, Модарам.
Гуфтаи аз баҳри ман, бисëр бепарво будам,
Будааст парвои ман,ҳар рӯз корат Модарам.
Гуфтаӣ ҳушëр бош, дониста мон,ҳар ҷо қадам,
То бихоби осуда,ту дар мазорат Модарам.
Ғам махӯр, ки рафтаӣ ман беназорат мондаам,
Мекунад пандҳои ту манро назорат,Модарам.
Маҳв нагардад аз дилу аз дидагонам то абад,
Қомати дилҷӯяту,чашми хуморат Модарам.
Аниси Ëқубиëн.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев