Дар бораи шахсият ва мероси Мансури Ҳаллоҷ, ҳарчанд ки зиёд гуфта ва навиштаанд, ҳанӯз ҳам ҷойи баррасӣ ва андешидан дар атрофи ин шахсияти ирфони миллӣ боқист, чаро ки ӯ шахсияти чандбуъда будааст ва ин гуна шахсиятҳоро наметавон дар чаҳорчӯби як таълимот ва мафкура ва ё як қолиби ирфону тасаввуфи исломӣ маҳдуд кард. Муҳаққиқон ва донишмандоне, ки сари шахсият ва осори Мансури Ҳаллоҷ омӯзишу пажӯҳиш кардаанд, ба шахсияти чандбуъдии Ҳаллоҷ ишора кардаанд ва бар ин асос шахсият ва афкори ӯро наметавон берун аз замон ва шароити зистии ӯ баррасӣ кард. Муҳимтар аз ҳама, шинохти замон, ҳаводиси таърихӣ, рухдодҳои сиёсию иҷтимоӣ ва авзои давр дар шинохт ва ташхиси шахсият ва андешаву биниши Ҳаллоҷ аз ҳар ҷиҳат мусоидат мекунанд. Гузашта аз ин, баррасӣ ва бозбинии масъалаи қатли Мансури Ҳаллоҷ, ки дар баробари иллатҳои ақидатию динӣ, ангезаҳои сиёсию миллӣ низ дошт, на танҳо талаботи илмию ихтисосӣ, балки зарурати имрӯзист.
Масъала ин аст, ки Мансури Ҳаллоҷро ба хотири озодандешӣ, ҳувиятпарастӣ, фаро рафтан аз фармудаҳои шаръии замон ва нишон додани ҷасорати фавқулода дар баробари шариатмадорону сиёсатмадорони давр, ки ҷилави салтанат ва ҳукумат дар дасташон буд, ба қатл маҳкум намуда, ба фаҷеътарин шакле аз байн бурданд. Қавлу гуфтаҳои Мансури Ҳаллоҷ, ки аз ҷуръату ҷасорати шахсии ӯ сарчашма мегирифтанд, бинои зулму истибдоди ҳукуматдорон ва хушкандешии мазҳабиро ба ларза меовард ва аз тарафи дигар, Ҳаллоҷ дар қаламрави ҷуғрофиёи исломӣ намояндагӣ аз фарҳанги форсу тоҷик мекард ва бо ҷуръату ҷасорат дар ин масир гом бармедошт. Ҳаллоҷ бо истифода аз донишу маърифати фарогир тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ дар ҳавзаҳои фикрию ақидатии замон соҳибобрӯ гардад ва шариатмадорон аз ин парвози фикрию эҷодии ӯ ба танг омаданд ва дар пайи шикаст ва заволи ӯ шуданд. Аз ҳама муҳим, дар барандохтани Мансури Ҳаллоҷ ангезаҳои сиёсию миллӣ муассиртар будаанд, варна мисли ӯ сӯфиёни дигар ҳам дар қолиби шатҳиёт (густохиҳои сӯфиёна) даъвифурӯшӣ мекарданд, чаро онҳо мавриди хашму ғазаби мутаассибини давр қарор нагирифтанд ва ба қатл маҳкум нагардиданд? Ин аст, ки дар қазияи марги Ҳаллоҷ ангезаҳои миллӣ (манзур аз миллияти иронитабор будани Ҳаллоҷ ва ба ҳаракатҳои миллию озодихоҳӣ пайвастани ӯ) асосианд. Бинобар ин, ҳолу ҳавои замонӣ ва ҳассосиятҳои даврӣ дар таҳаввулоти фикрию шахсиятии Ҳаллоҷ муҳиманд.
Дар бораи Ҳаллоҷ ва андешаву афкори ӯ шарқшиносону донишмандони ватанию хориҷӣ, аз ҷумла Луи Масинюн, Е.Э. Бертелс, Ҳерберт Мейсон, Атоуллоҳи Тадайюн, Ҷамшеди Азимпур ва дигарон таҳқиқот анҷом дода, доир ба паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва афкори ин орифи бузурги миллӣ изҳори назарҳои ҷолибе кардаанд. Ҳанӯз соли 1907 шарқшиноси машҳури фаронсавӣ Луи Масинюн (1883-1962) дар бораи Ҳаллоҷ таҳқиқоти муфассале анҷом медиҳад, ки он соли 1975 дар шакли комилтаре таҳти унвони “Масоиби Ҳаллоҷ” (мусибатҳои Ҳаллоҷ) ба нашр мерасад (ҳамин таҳқиқоти Луи Масинюн бо номи “Мазҳаби Ҳаллоҷ” ба забони форсӣ тарҷума ва нашр шудааст) ва аз ин тариқ доманаи таҳқиқ дар заминаи ҳаллоҷшиносӣ густурда мегардад. Шарқиноси машҳури шӯравӣ Е.Э. Бертелс дар таҳқиқоти муфассали худ “Тасаввуф ва адабиёти тасаввуф” роҷеъ ба Мансури Ҳаллоҷ бахше мухтасар таҳти унвони “Ҳаллоҷ ва таълимоти ӯ” ҷудо кардааст (ниг.: Бертелс, Евгений Эдуардович. Тасаввуф ва адабиёти тасаввуф. Тарҷимаи Сирус Эзадӣ. Теҳрон: Амири Кабир, 1376. С.36-39). Шарқшиноси ғарбӣ Ҳерберт Мейсон доир ба зиндагинома ва шахсияти Мансури Ҳаллоҷ рисолаи мухтасари вежае бо номи “Ҳаллоҷ” (ниг.: Мейсон, Ҳерберт. Ҳаллоҷ. Тарҷимаи дуктур Маҷдуддини Кайвонӣ. Теҳрон: Нашри Марказ, 1378. 119 с.) таълиф намудааст. Ҳамчунин, донишманди иронӣ Атоуллоҳ Тадайюн (ниг.: Тадайюн, Атоуллоҳ. Ҳаллоҷ ва рози Аналҳақ. –Теҳрон, 1370) ва муҳаққиқи тоҷик Ҷамшеди Азимпур (ниг.: Азимпур, Ҷамшед. Сафири Хуршед. –Душанбе: Кайҳон, 2008. -320 c.) низ дар ростои ҳаллоҷшиносӣ корҳои назаррасе ба сомон расонидаанд.
Дар бахши иҷмолии китоби худ шарқшиноси машҳури шӯравӣ Е.Э.Бертелс исми комили Ҳаллоҷро Абулмуғайс Ҳусайн ибни Мансур ибни Муҳаммад Байзовӣ Алҳаллоҷ меоварад ва таваллуди ӯро дар соли 244 ҳиҷрӣ (858 мелодӣ) дар рустои Тур, наздикии Байзои Форс мушаххас мекунад (ниг.: Бертелс, Евгений Эдуардович. Тасаввуф ва адабиёти тасаввуф. Тарҷимаи Сирус Эзадӣ. Теҳрон: Амири Кабир, 1376. С.36). Ҳамин ишораро шарқшиноси аврупоӣ Ҳерберт Мейсон тазаккур дода, бар асоси иттилооти “Таърихи Бағдод” меафзояд, ки Ҳаллоҷ аз падар ва модаре иронӣ зода шуда, номи Ҳусайнро ба вай падари тозамусулмоншудааш дода будааст. Падарбузургаш Маҳаммо дар ойини зардуштӣ монда буд. Лақаби Ҳусайн Абуабдуллоҳ буда, исми пуррааш аз тариқи зайл аст: Абуабдуллоҳ Ҳусайн бинни Мансур бинни Муҳаммо Байзовии Бағдодии Ҳаллоҷ (ниг.: Мейсон, Ҳерберт. Ҳаллоҷ. Тарҷимаи дуктур Маҷдуддини Кайвонӣ. Теҳрон: Нашри Марказ, 1378. С.14). Тахаллус ва нисбаи “Ҳаллоҷ” ба ӯ аз падар ва касби падарӣ, ки ба ҳаллоҷӣ машғул будааст, мерос мондааст. Аз ин ҷост, ки падараш ҳаллоҷӣ мекардааст ва Ҳусайн низ гоҳ-гоҳ ба ҳаллоҷӣ машғул мешудааст (ҳаллоҷ касест, ки ба воситаи дастгоҳи махсус пунбаро аз пунбадона ҷудо мекунад, ҳамчунин пунбазанро ҳам ҳаллоҷ мегӯянд – ниг.: Муин Муҳаммад. Фарҳанги форсии Муин (якҷилдӣ). Теҳрон: Фарҳангнамо, 1386. С.435). Назари дигар ин аст, ки лақаби “Ҳаллоҷ”-ро ба ӯ муридонаш додаанд ва ҳангоми сафарҳо ба Ироқу Ҳинд бо ҷамъи шогирдон суҳбатҳо меорояд ва онҳо ин лақаб (Ҳаллоҷ)-ро ба ӯ ихтисос медиҳанд (ниг.: Мейсон, Ҳерберт. Ҳаллоҷ. Тарҷимаи дуктур Маҷдуддини Кайвонӣ. Теҳрон: Нашри Марказ, 1378. С.84).
Ҳаллоҷ соли 873 ба шаҳри арабии суннинишини Восит (дар ҷануби Ироқ) омада, таҳсилоти ибтидоии диниро аз равияи ҳанбалиён оғоз мекунад. Ӯ тайи солҳои 260 – 284 ҳиҷрӣ (873-897 мелодӣ) зери назари чанд тан аз шайхҳои сӯфӣ, аз ҷумла Ҷунайди Бағдодӣ ба омӯзиши тасаввуф пардохт. Пас аз ҳалқаи онҳо ҷудо шуд ва ба сафар баромада, мустақилона ба таблиғи таълимоти тасаввуфӣ пардохт. Ҳаллоҷ ба Аҳвоз, навоҳии Форс, Хуросон, Осиёи Миёна ва Ҳинд сафар карда, дар соли 296 ҳиҷрӣ (908 мелодӣ) аз роҳи Макка ба Бағдод бозгашт ва дар он ҷо шогирдонеро даври худ ҷамъ овард.
Шеъри арабии куҳан, ирфони исломӣ ва беадолатиҳои иҷтимоии замон дар таҳаввулоти фикрӣ ва ақидатии Мансури Ҳаллоҷ таъсири амиқ гузошта, ӯро ба сифати як шахсияти вораста аз қайдубандҳои хушки мазҳабӣ дар минбари баҳсу мунозираҳои шадиди ақидатӣ, ки бештар маврид ба озору шиканҷа ва қатлу куштори мубоҳисон меанҷомид, қарор дод. Аз тарафи дигар, ошноии Ҳаллоҷро бо фалсафаи юнонӣ метавон аз тарзу равиши таълимоти ӯ дар бораи ҳастӣ ва мабдаи мавҷудот пай бурд (ниг.: Бертелс, Евгений Эдуардович. Тасаввуф ва адабиёти тасаввуф. Тарҷимаи Сирус Эзадӣ. Теҳрон: Амири Кабир, 1376. С.37). Чун дар ибтидо Ҳаллоҷ як суннигаройи сарсахте буд, ба доираи андешаҳои халифаи шиӣ афтида, бо маркази тарҷимаи “Дорулҳикма”-и Бағдод ошно гардид, ки масъулини он ба тарҷима ва нашру пахши илму фалсафаи юнонӣ машғул буданд. Дар зимн, ошноӣ бо ин мактаби фалсафӣ ва илмӣ Ҳаллоҷ ва дигар сӯфиёни суннатгароро аз назари фикрию зеҳнӣ тағйир дод ва нуфузи вожагони фалсафӣ ва шеваи ҷадалиро дар фаъолиятҳои минбаъдаи тадрисию мубоҳисавии онон заминагузорӣ намуд (ниг.: Мейсон, Ҳерберт. Ҳаллоҷ. Тарҷимаи дуктур Маҷдуддини Кайвонӣ. Теҳрон: Нашри Марказ, 1378. С.18). Чун тарзи таълиму тадрис ва таблиғи Ҳаллоҷ аз соири сӯфиёну рӯҳониён фарқ мекард, ба зудӣ мавриди фишор ва таҳоҷуми гурӯҳҳои мухолиф қарор гирифт. Оқибат дар соли 309 ҳиҷрӣ (921 мелодӣ) Ҳаллоҷро ба муҳокима кашониданд. Муҳокимаи Ҳаллоҷ ҳафт моҳ тӯл кашида, дар поён ӯро ба марг маҳкум карданд ва рӯзи 26 марти марти соли 922 (дар баҳори соли 309 ҳиҷрӣ) ба фаҷеътарин тарз ба қатл расониданд: аввал зери зарбаҳои тозиёна маҷрӯҳаш карданд, сипас ба чаҳормех кашиданд, баъд гардан заданд ва баданашро дар оташ сӯхтанд (ниг.: Бертелс, Евгений Эдуардович. Тасаввуф ва адабиёти тасаввуф. Тарҷимаи Сирус Эзадӣ. Теҳрон: Амири Кабир, 1376. С.37). Ба ин тартиб, пайкари Ҳаллоҷро ба тарзе фаҷеъ пора-пора карданд ва ба дораш заданд. Қиссаи ӯ қиссаи ҳайратангезе аз эътимод ба нафс ва фидокории рӯҳии башар аст (ниг.: Мейсон, Ҳерберт. Ҳаллоҷ. Тарҷимаи дуктур Маҷдуддини Кайвонӣ. Теҳрон: Нашри Марказ, 1378. С.14).
Ғолибан, ба назари муҳаққиқон, сабаби асосии маҳкумияти Ҳаллоҷ, таълимот ва назароти шахсиаш дар бораи ваҳдат бо Худо буд. Ҳаллоҷ муътақид ба ғайриқобили фаҳм будани зоти илоҳӣ буд ва таълим медод, ки улуҳият (худойӣ, худойгунагӣ) дорои рӯҳи худойӣ аст ва касе онро наофаридааст ва он рӯҳи нотиқа (рӯҳи илоҳӣ) аст, ки метавонад ба нафси солик (равандаи роҳи Ҳақ-сӯфӣ, ки дар ҷустуҷӯйи васл мебошад), бипайвандад ва ин пайвастан ба шакли ҳулул (ҳал ва ё ворид шудани чизе дар чизи дигар) таҷаллӣ мекунад. Ба ин тариқ, зоҳид ба валӣ (дӯсти содиқ ва бандаи баргузидаи Худо) ва шоҳиди зиндаю нотиқи ҳастии воқеии Парвардигор (Ҳува, Ҳува) табдил мешавад. Ҳаллоҷ дар лаҳзаи чунин васле калимаи машҳурашро ба забон овард ва гуфт: “Аналҳақ” (Ҳақ манам). Он чиро, ки Боязиди Бастомӣ (вафоташ 877) талош дошт, Ҳаллоҷ бо калимоти дигар ба забон овард (ниг.: Бертелс, Евгений Эдуардович. Тасаввуф ва адабиёти тасаввуф. Тарҷимаи Сирус Эзадӣ. Теҳрон: Амири Кабир, 1376. С.37). Боязиди Бастомӣ вақте ки “субҳонӣ мо аъзимушшаънӣ” (покам ва чӣ сон эътибори бузург дорам, яъне худоям) гуфт, дар ҳолати сукр (мувофиқи назари сӯфия, сукр ҳолати бехудии сӯфӣ аст ва дар ин ҳол сӯфӣ чӣ гуфтану чӣ карданашро намефаҳмад ва масти ишқи илоҳӣ буда, аз амалу гуфтори худ бехабар мемонад) буд. Ин навъ даъвию ибтикороти тасаввуфӣ, ки аз ҷуръату ҷасорати фавқулодаи сӯфиёне мисли Боязид ва Ҳаллоҷ дарак медод, аз ҷониби мутасаввифон ҳар хел тафсиру таъбир шудааст. Масалан, устод ва ҳамнишини Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Шамси Табрезӣ дар ин маврид чунин назар дошт, ки “Боязид маст буд, ки “субҳонӣ” гуфт ва Мансур дар бехудӣ буд, ки “Аналҳақ” зад (ниг.: Муваҳҳид Муҳаммад Алӣ. Шамси Табрезӣ. Теҳрон: Тарҳи нав, 1375. С.116). Ба таври куллӣ, ду назария дар робита бо даъвии “Аналҳақ”- и Мансури Ҳаллоҷ вуҷуд дорад: яке ин ки Ҳаллоҷ даъвӣ мекунад, ки фикри ман ҳақ ва дуруст аст ва дигаре ин ки ӯ муддаӣ аст, ки ман Худоям. Ҳар ду иддаоро дар андешаҳои Ҳаллоҷ метавон пайдо кард. Гузашта аз ин, дар адабиёти тасаввуфӣ иддаои мансурӣ (“аналҳақ”) ба унвони дидгоҳи вежа ва мутафовит зиёд мавриди истиқбол ва корбурди сӯфиёна қарор гирифтааст (ниг.: Тадайюн, Атоуллоҳ. Ҳаллоҷ ва рози Аналҳақ. –Теҳрон, 1370. С.46). Масалан, яке аз чеҳраҳои маъруфи сӯфияи Хуросон Абӯсаиди Абулхайр (968-1049) мавқеъгирии ҷасуронаи Мансури Ҳаллоҷро, ки дар қолаби “аналҳақ” ҷамъбаст шудааст, дар рубоие хеле зебо ба тасвир кашидааст:
Мансури Ҳаллоҷ, он наҳанги дарё,
К-аз пунбаи тан донаи ҷон кард ҷудо.
Рӯзе, ки “аналҳақ” ба забон меовард,
Мансур куҷо буд? Худо буд, худо!
(ниг.: Таронаҳои дилангез. Тартибдиҳанда Худоӣ Шарифов. –Душанбе: “Ирфон”, 1986. С.3)
Ҳаллоҷ ҷомеаи хурофотиро мухотаб қарор дода, мегӯяд, ки эй мардум, агар Худоро нашносед, биёед нишони ӯро бубинед, яъне маро. Ин иддаои ҳаллоҷӣ дар таълимоти зардуштия ҳам собиқа дорад ва ҷойе Зардушт ба Худойи худ Аҳурамаздо муроҷиат карда мегӯяд, ки биё як шавем, то кас нагӯяд, ки ту дигарӣ ва ман дигар. Зимнан, Ҳаллоҷ, ки аз ҳайсият ва миллияти худ огаҳ буд, наметавонист, ки аз фарҳангу тамаддуни гузаштаи миллӣ бехабар бошад, ҳол он ки падарбузургаш Муҳаммо дини зардуштиро тарк накарда буд (ниг.: Мейсон, Ҳерберт. Ҳаллоҷ. Тарҷимаи дуктур Маҷдуддини Кайвонӣ. Теҳрон: Нашри Марказ, 1378. С.14).
Таъкиди ин нукта зарур аст, ки тарзи фаҳмиш ва таблиғоти Ҳаллоҷ аз Боязид тафовут дошт ва аз назари фикрию иҷтимоӣ ва дидгоҳи сиёсӣ ҳам ин ду мутасаввиф аз ҳамдигар фарқ доштанд. Ин буд, ки биниши Ҳаллоҷ дар робита бо шинохти Ҳақ ва масъалаҳои тасаввуфӣ аз таълимоти дигар сӯфиён тафовут дошт ва ӯ ба рағми суннат ва анъаноти динию мазҳабӣ ва ақидатию тасаввуфӣ амал карда, ба доираи сӯфиёне шомил мешавад, ки қайдубандҳои шаръиро раҳо карда, пайвастагӣ бо завқу шуҳуди қалбиро аслу меҳвари фаъолияти сӯфиёна медонистаанд (ниг.: Шарифзода Худоӣ, Нарзиқул Мисбоҳиддин. Таърихи адабиёти тоҷик (аз аҳди қадим то оғози асри Х111). Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. -Душанбе: ҶДММ “ТоРус”, 2017. С.286–287).
Аммо, тавре ки дар муқаддимаи мақола ишора шуд, қатли Ҳаллоҷ бештар ангезаи сиёсӣ дошт, на мазҳабӣ. Ба ин маъно, ӯ ҳамеша зидди ифроткориҳои динӣ ва истибдоди сиёсӣ буда, тасаввуфи таслимомез, аз ҷумла назароти Ҳасани Басриро, ки аз ҷумлаи сӯфиёни нахустини исломӣ маҳсуб меёфт, дар мавриди фориғболӣ аз умури дунявӣ ва саҳлангорӣ дар нисбати зулму истибдоди сиёсию мазҳабӣ сахт интиқод мекард. Маҳз дар ин замон буд, ки Ҳаллоҷ даргири мубоҳисоти шадид бо се сӯфии саршиноси исломӣ: дар Макка бо Амруи Маккӣ, дар Куфа бо Иброҳими Хаввос ва дар Бағдод бо Ҷунайд шуд. Зиёда аз ин, Ҳаллоҷ аз тасаввуфи суннатӣ, ки сӯфиёни Бағдод ба он муътақид буданд, расман даст кашид ва алайҳи Аббосиён ва рӯҳониёни мутаассибу муҳофизакори давр ба қиёми фикрию сиёсӣ бархост. Муҳаққиқон ба шӯришу қиёмҳои давр, аз ҷумла ба исёни бардагони Занҷ (Занҷ номи қабилаҳои сиёҳпӯсти соҳилҳои шарқии Африқо будааст, ки дар садаҳои аввали ислом гурӯҳе аз онҳо ба бардагӣ гирифта шуда, ба ҷануби Байнанаҳрайн интиқол ёфтаанд), ки барои кандани маъданҳои намак дар ҷануби Ироқ ҷалб шуда буданд, бавосита иртибот доштани Ҳаллоҷро таъкид кардаанд (ниг.: Мейсон, Ҳерберт. Ҳаллоҷ. Тарҷимаи дуктур Маҷдуддини Кайвонӣ. Теҳрон: Нашри Марказ, 1378. С.17). Ҳарчанд ки қиёми қабоили Занҷ соли 883 ба шикаст мувоҷеҳ гардид ва ҳукумати Аббосӣ дар Басра тақвият ёфт, Ҳаллоҷ аз даъвиҳои иҷтимоӣ, ки аз беадолатии саркардагони ҳукумати Аббосӣ ва рӯҳонияти мутаассиби дарборӣ сарчашма мегирифтанд, даст барнадошт.
Ба сухани дигар, Ҳаллоҷ мисли дигар сӯфиён ва орифон, ки аз мардум ва ҷомеа канор гирифта, гӯшагирию инзивопарастиро асли тасаввуф ва меъёри риёзату муроқибаҳои сӯфиёна медонистанд, амал накарда, расидагии мушкилоти иҷтимоӣ ва мардумиро моҳияти фаъолияти худ медонист. Ин буд, ки соли 887 дар сисолагӣ Ҳаллоҷ аз тарафи суннимазҳабони дастгоҳи ҳукуматии Бағдод дастгир ва аз тариқи задани тозиёна муҷозот мешавад.
Соли 894 Ҳаллоҷ бо 400 мурид, ки ҳама бо ҷомаҳои дарида ва фақирона буданд, маротибаи дувум ба Макка ворид мегардад. Ин дафъа ҳам сӯфиёни маҳаллӣ ӯро хуш қабул накарданд ва дасисаю иттиҳомоти зиёде алайҳаш ҷур карданд. Аммо доштани теъдоди зиёди муридону шогирдон (400 нафар) ва бо ҷомаҳои дарида ва фақирона вориди Макка шудани Ҳаллоҷ ва ҷамъи муридон маънии даъвии адолати иҷтимоиро низ дошт. Вай ба ҳадде нотарс ва ҷасур буд, ки аз артиши хурофотиёну ҷоҳилон, ки пушташон ҳукумати мустабиди Аббосӣ қарор дошт, намеҳаросид ва тавассути мубоҳисоту муҷодилоти ҷиддӣ бо онон бархӯрд мекард. Ҳол он ки нафарони ангуштшуморе бо камтарин дидгоҳи мутавофит, эътирози ақидатӣ ва шеваи муътадили интиқодӣ мавриди фишору тааррӯзи ҳукуматдорони Аббосӣ ва хушкандешони мазҳабӣ қарор мегирифтанд. Ҳассосиятҳои сиёсию ақидатии замон ба дараҷае боло буд, ки ҳар кӣ ба Аббосиён бо назари интиқод менигарист, ӯро қарматӣ мегуфтанд ва мусаллам аст, ки қарматиён мехостанд ҳукумат ва хилофатро аз дасти Аббосиён бигиранд (ниг.: Мейсон, Ҳерберт. Ҳаллоҷ. Тарҷимаи дуктур Маҷдуддини Кайвонӣ. Теҳрон: Нашри Марказ, 1378. С.22). Аз тариқи задани иттиҳомоти қарматӣ ҳукумати Аббосӣ бо душманони худ ва минҷумла озодандешоне назири Ҳаллоҷ муборизаи беамон мебурд.
Илова бар ин, Ҳаллоҷ, новобаста аз он ки дар хидмати тасаввуф қарор дошта, ба унвони сӯфӣ ва ориф миёни қишрҳои иҷтимоӣ ва мадании замон шинохта шуда буд, аз миллият ва рӯҳи миллӣ дар баробари камбинӣ ва нотавонбиниҳои мазҳабию нажодӣ дифоъ мекард. Ба ин мазмун, ӯ бо аъёни хонадони Сомониёни ҳоким дар Хуросон тамос пайдо карда буд. Сомониён ба рағми душманони Ҳаллоҷ (Аббосиён), ки соли 922 дар Бағдод ӯро ба қатл расониданд, нисбат ба ин орифи маъруфи иронитабор вафодор монданд (ниг.: Мейсон, Ҳерберт. Ҳаллоҷ. Тарҷимаи дуктур Маҷдуддини Кайвонӣ. Теҳрон: Нашри Марказ, 1378. С.26-27). Тағйироти фикрию сиёсӣ ва миллию иҷтимоии Ҳаллоҷ замоне иттифоқ меафтад, ки ӯ ба минтақаҳои Ҳинд ва Хуросону Мовароуннаҳр сафар мекунад ва бо фазою муҳити иҷтимоию маънавии ҳамтаборони худ аз наздик ошно мегардад. Ин нуктаро муаррихи араб Хатиби Бағдодӣ бар асоси нақли писари Ҳаллоҷ Ҳамд низ тазаккур медиҳад. Аз рӯйи нақли Хатиби Бағдодӣ, писари Ҳаллоҷ Ҳамд мегӯяд, ки баъди сафар ба манотиқи Ҳинду Хуросону Мовароуннаҳр дар падараш тағйироти фикрӣ ва дигаргуниҳои маънавиро эҳсос кардааст. Яъне, Ҳаллоҷ тавассути ошноӣ ба фарҳангу тамаддуни ҳамтаборон ба асли худ бармегардад ва тасаввуфи ориёиро бар ирфони сомӣ тарҷеҳ медиҳад.
Арабҳо баъди истилои сарзаминҳои Эрону Хуросон бар асари ғурури нобаҷойи пирӯзӣ ба зулму истибдоди мардуми иронитабор даст заданд ва бархӯрдҳои ноодилона, ғайримунсифона ва мағруронаи дастгоҳи арабӣ боиси зуҳуру ҳузури ҳаракатҳои миллӣ ва озодихоҳӣ дар манотиқи гуногуни хилофати исломӣ гардид (ниг.: Бекзода, Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ. –Душанбе: Матбааи АИ “Дониш”, 2012. С.14-15). Зимнан, саркардагони араб ва хилофати исломӣ дар симои Ҳомид, ки аз душманони сарсахти Ҳаллоҷ маҳсуб меёфт, кӯшиш мекард, ки алайҳи Балъамӣ (вазири фозили Сомониён, ки аз муридони Ҳаллоҷ будааст) мубориза барад. Ин саркардаи ҳукумати Аббосӣ (манзур Ҳомид аст, ки вазири Алмуқтадири Аббосӣ буда, аз оғоз алайҳи Ҳаллоҷ тавтеа ва дасисаҳо ҷур мекард, дар маҳкумияту муҷозоти ӯ даст дошт ва билохира сабаби қатлу куштори ваҳшиёнаи Ҳаллоҷ ҳам гардид) ба фарҳанги миллии иронитаборон рашк мебурд ва бавежа, аз шукуфоии забони форсӣ дар қаламрави хилофати исломӣ дарун ба дарун месӯхт. Аз ин лиҳоз, бар муқобили забону фарҳанг ва ҳукумати миллӣ (дар мисоли ҳукумати Сомониён) шадидан мубориза мебурд ва то ҳадди имкон мекӯшид, ки донишмандони иронитабор, аз ҷумла Мансури Ҳаллоҷро аз байн бубарад. Барои хунсо кардани ҷунбишу ҳаракатҳои миллӣ ва аз рушду тараққӣ бозмондани забону фарҳанги форсии тоҷикӣ бо “ибтикори” Ҳомид ва дигар душманони мафкуравӣ ва сиёсии иронитаборон маъракаи қатлу куштори донишмандону фарзонагони миллӣ сурат мегирад. Дар ин замина, Ибни Ато, ки аз шогирдони содиқи Ҳаллоҷ буд, ба дасти Ҳомид кушта мешавад. Баъдан, навбат ба худи Ҳаллоҷ мерасад ва тибқи нақшабандӣ ва барномарезии Ҳомид қатли ориф бо фаҷеътарин тарзе анҷом мегирад. Арабпарастони хилофат бо сарварии Ҳомид ба ҳадафи худ --- аз байн бурдани донишмандони миллӣ дар мисоли Мансури Ҳаллоҷ расиданд ва ҳатто ҳаводорону хотирхоҳони ӯ, назири Ҳоҷиб Наср ва маликаи модар Шағаб натавонистаанд ҳукми қатли ин орифи тавононро бекор кунанд. Ин нукта ҳам равшан аст, ки дар миёни ҳаводорони Ҳаллоҷ вазирон ва дигар аъёни давлат ва бахусус, модари халифаи ҷавони ҷадид Алмуқтадир, ки зане юнонӣ бо номи Шағаб буда, аз муриди Ҳаллоҷ ба шумор мерафт, ба чашм мехӯрданд. Аммо, чун асабият (миллатгаройӣ) ва ҳамбастагии қабилаӣ дар ҳукумати Аббосӣ реша давонда буд, хотирхоҳон ва ҳаводорони дарбории Ҳаллоҷ ҳам ҷилави қатли ӯро гирифта натавонистанд. Дар зимн, муаррихи араб Хатиби Бағдодӣ лаҳзаҳои ниҳонии гуфтугӯйи сиёсии саркардаи араб бо писарашро ба тасвир кашида, ёдовар мешавад, ки ҳокими араб ба писараш таъкид мекунад, ки Ҳаллоҷ ҳадаф дорад, дини зардуштиро биёварад. Аз ин ҷост, ки ангезаи миллият ва сиёсат дар қазияи қатли Ҳаллоҷ машрӯият пайдо мекунад.
Қадру манзалати Ҳаллоҷ ба ҳадде будааст, ки бисёре аз ҳаводорону хотирхоҳонаш ӯро ҳамчун муслиҳи ҷомеаи исломӣ ва мудаббиру ҳидоятгари рӯҳонӣ мешинохтанд, ки ислоҳи ҷомеаи фосидии исломиро бар уҳда дошт. Ин навъ боварӣ ва баҳогузории як идда аз элита ва нухбагони сиёсию дарбории замон ба Ҳаллоҷ душманони мафкуравӣ ва ҳукуматии ӯро афзун карданд ва ин марди ориф ва дар айни замон, озодандеш бо хатарҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ гардид. Гузашта аз ин, ӯ заррае аз хатару таҳдидоти рӯзмарра намеҳаросид ва фаъолияташро ҳамчунон идома медод. Ҳаллоҷ, ки рисолати динӣ, маданӣ ва иҷтимоии хешро дарк карда, дар Арафот чунин даъвиро роҳ меандозад ва дар хитоб ба авомуннос мегӯяд: “Ҳозирам қурбонии беихтиёре шавам, яъне ранҷи маҳкумияту маргро ҳамчун Исои Масеҳ барои татҳири мардум аз гуноҳ таҳаммул кунам, ҳатто агар лозим бошад, “дар иқрор ба усули дин” кофар шавам, то маро бикушанд, ҳама афроди ҷомеаро бар зидди худ барангезам ва муттаҳид кунам...Ман ҳозирам барои ҷомеаи хушунатзадае, ки маро лаънат мехонанд, бимирам” (ниг.: Мейсон, Ҳерберт. Ҳаллоҷ. Тарҷимаи дуктур Маҷдуддини Кайвонӣ. Теҳрон: Нашри Марказ, 1378. С.29).
Ба ин тартиб, қатли Ҳаллоҷ ба фаҷеътарин тарзу шева, аз як тараф, бозгӯкунандаи озодандеш будани ӯро ба намоиш гузорад, аз ҷониби дигар, маънии онро дорад, ки ориф шахсияти миллӣ будааст ва барои давлатмардони вақти хилофат дарди сар эҷод мекардааст (ниг.: Азимпур, Ҷамшед. Сафири Хуршед. –Душанбе: Кайҳон, 2008. С.98). Муҳимтар аз ин, тасаввуф минҳайси як ҷараёни фикрӣ ва иҷтимоӣ озодандешии мардуми форсу тоҷик ва як навъ вокуниши маънавии донишмандони иронитаборро дар баробари зулму истибдоди аҷнабӣ, эътиқодоти ҳайримиллӣ ва хушкандешии мазҳабӣ ифода менамояд (ниг.: Олимов Кароматулло. Тасаввуфи Хуросон ва Мовароуннаҳр дар асрҳои Х-Х11. Душанбе: “Дониш”, 2019. С.26-27).
Ҳамин тариқ, мухолифони Ҳаллоҷ таҷовузу берун рафтани ӯро аз суннатҳои динӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ “занби лояғфар” (гуноҳи нобахшуданӣ) донистаанд. Ҳаллоҷ на танҳо дар суннат ва эътиқод мунҳариф шуд, балки ба норасоиҳое, ки дар буъди сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаи вақт ба назар мерасиданд, сахт мухолифат меварзид. Ба назари мутарҷими рисолаи илмии донишманди ғарбӣ Ҳерберт Мейсон “Ҳаллоҷ” Маҷдуддини Кайвонӣ, қазияи Ҳаллоҷ ба дин ва берун рафтан аз эътиқодоти мазҳабӣ хеле кам рабт дорад. Дар замоне ки миёни халифа ва модари ӯ, байни ин вазиру он вазир ва миёни амири лашкар ва соири давлатмардорону динсолорони давр мухолифати шадид ҷараён дошт, чӣ гуна метавон қазияи Ҳаллоҷро ранги динӣ дод?! Махсусан, дар аҳди Ҳомид, ки аз мухолифон ва душманони сарсахти Ҳаллоҷ ба ҳисоб мерафт, мардум аз нарасидани озуқа дар азоби алим гирифтор буданд ва Ҳаллоҷ ба сифати як ислоҳотгари иҷтимоӣ бар мабнои рисолати шахсӣ ва иҷтимоӣ садои эътироз баланд кард. Бо таваҷҷуҳ ба ин, қазияи Ҳаллоҷ дар баробари ангезаи динӣ, мушаххасоти сиёсӣ низ доштааст (ниг.: Мейсон, Ҳерберт. Ҳаллоҷ. Тарҷимаи дуктур Маҷдуддини Кайвонӣ. Теҳрон: Нашри Марказ, 1378. С.5-6).
Ба назари шарқшиноси машҳури шӯравӣ Е.Э. Бертелс, ҳамаи 150 байти ашъори Ҳаллоҷ, ки то замони мо расидааст, шарҳи зебое аз гуфтугӯйю муколимаи рӯҳи ӯ бо рӯҳи илоҳӣ (рӯҳи нотиқа) ва муҳаббати мутақобили ин ду рӯҳ аст (ниг.: Бертелс, Евгений Эдуардович. Тасаввуф ва адабиёти тасаввуф. Тарҷимаи Сирус Эзадӣ. Теҳрон: Амири Кабир, 1376. С.37). Он чи ки Ҳаллоҷ ба унвони паёми манзуму мансур ба мерос гузоштааст, ҳосили омӯзаҳою бардоштҳояш аз таълимоти гуногуни замонанд. Афзун бар ин, Ҳаллоҷ алайҳи зулму истибдоди динӣ ва сиёсию иҷтимоии амирону ҳокимон ва бахусус, хушкандешони мазҳабӣ бархост ва садои эътироз ва озодӣ баланд кард.
Хурофоту таассуби мазҳабиеро, ки улумою хулафои ҷоҳил дар ҷомеа побарҷо карда буданд, авзоъро муташанниҷ ва тоқатфарсо менамуд. Аз ин гузашта, баҳсу мунозироти омиёнае, ки ғолибан миёни рӯҳониёну сӯфиён ва мадрасиёну фақеҳон сурат мегирифт, дилу рӯҳи Ҳаллоҷро, ки дар ҷӯшу хурӯш ва сайру сулуки ҳамешагӣ буд, реш мекард. Дарди нодонию ҷаҳолати саросарӣ ва зиёда аз ин, истибдоду беадолатӣ Ҳаллоҷро ба ҳадди ҷасорат расонида буд ва ӯ ба ин мазмун нидо дармедод:
Дили ман хун шуд дар орзуи фаҳми дуруст,
Эй ҷигар навбати туст,
Ҷон ба лаб омаду нашнид касам ҷони калом,
Дод аз дасти авом.
Ғами дил бо кӣ бигӯям, ки дилам хун накунад,
Ғамам афзун накунад.
Сар фурӯ бурд ба чоҳу ғами дил гуфт имом,
Дод аз дасти авом!
(ниг.: Мейсон, Ҳерберт. Ҳаллоҷ. Тарҷимаи дуктур Маҷдуддини Кайвонӣ. Теҳрон: Нашри Марказ, 1378. С.3)
Доманаи фаъолияти фикрию иҷтимоӣ ва адабии Ҳаллоҷ васеъ буд. Гузашта аз ашъор, аз ӯ китоби комиле таҳти унвони “Китоб-ут-тавосин” дар шарҳи таҷриботи ирфонӣ, ҳамчунин 27 ривоят ва 400 қитъа наср боқӣ мондааст (ниг.: Бертелс, Евгений Эдуардович. Тасаввуф ва адабиёти тасаввуф. Тарҷимаи Сирус Эзадӣ. Теҳрон: Амири Кабир, 1376. С.39). Дар рисолаи “Тосин-ул-азал” (“Китоб-ут-тавосин”) Ҳаллоҷ ба тафсири образи Иблис мепардозад ва чунин иддао мекунад, ки Иблис намояндаи марзи метафизикӣ ё рӯҳонии ғуруру ҷасорати ориф аст. Рисолаи “Тосин-ул-азал” дар қолаби қисса навишта шуда, дар он таҷрибаи ирфонии Ҳаллоҷ инъикос ёфтааст. Муҳаққиқи ғарбӣ Ҳерберт Мейсон, бо дарназардошти муҳтавиёти фикрию таҷрибӣ, қиёси мавзӯӣ ва мундариҷавии рисолаи “Тосин-ул-азал”-и Ҳаллоҷро бо асарҳои “Шаби тираи рӯҳ”- и орифи испаниягӣ Сан Хуан Делокруз (1542-1591) ва “Сармуфаттиш”-и нависандаи маъруфи рус Ф. Достоевский аз аҳаммият холӣ намедонад (ниг.: Мейсон, Ҳерберт. Ҳаллоҷ. Тарҷимаи дуктур Маҷдуддини Кайвонӣ. Теҳрон: Нашри Марказ, 1378. С.33).
Ҳаллоҷ ва шогирдонаш (монанди Нурӣ ва Ибни Ато) ба гурӯҳи пурсишгарон бо шайтон шомил шудаанд. Ҳаллоҷ ба василаи ишқ ба Ҳақ аз марзи доираи мамнӯъа убур ва довариро ба инсон вогузор мекунад. Ин буд, ки Ҳаллоҷ Шайтонро аз сӯфиёну орифоне, ки аз забоноварӣ дар бораи Худо сукут ихтиёр кардаанд, болотар гузошта, ӯ (Шайтон)-ро аз соири сӯфия ба маҳбуби азалӣ (Худо) наздиктар медонист. Ӯ дар китоби “Тавосин”, қабл аз он ки дар бораи табиати Худованд, далели вуҷуд, нақша ва шеваи мушоҳидаи Ҳақ натиҷагирӣ кунад, перомуни Шайтон суҳбат карда мегӯяд, ки ӯ бо вуҷуди диёнат ва сарсупурдагие, ки назди Парвардигор дошт, ба иштибоҳ роҳ дод ва бо ибораи “арзиши ман беш аз Одам аст” лаънати абадиро харид. Ба Иблис руҷӯъ кардан ва ӯро дар муқаррабӣ ва наздикӣ бо Худо аз ҷумлаи сӯфиёни бехабар ва худбин боло донистан, ҷасорат ва ҷуръати фавқулодаи Ҳаллоҷро нишон медиҳад. Аз ин лиҳоз, Ҳаллоҷ шахсиятест, ки ба туфайли иттиҳоди ошиқонааш ба марзи мамнӯъаи Худо мерасад ва кайфиятеро пай мебарад, ки ба дигар орифони буздил муяссар нагардида буд (ниг.: Мейсон, Ҳерберт. Ҳаллоҷ. Тарҷимаи дуктур Маҷдуддини Кайвонӣ. Теҳрон: Нашри Марказ, 1378. С.70). Ин иддао Ҳаллоҷро дар зумраи орифони пурсишгар ва шаккок қарор дода, бо мавзӯи ирода ва ихтиёроти инсонӣ ҳамхонӣ доштани назария ва амалияи таълимоти ирфонии ӯро ифода менамояд.
Ҳаллоҷ, ки дар замони таҳаввулоти ақидатию фалсафӣ ва зуҳури ҳаракатҳои гуногуни фикрӣ, аз ҷумла фаъолияти фарогири муътазилиён зиндагӣ мекард, фориғ аз ҳассосиятҳои замонӣ буда наметавонист. Муътазилиён нафароне буданд, ки раванди озодандеширо дар қаламрави хилофати Аббосӣ таҳкиму тақвият бахшида, ба василаи баҳсу мунозираҳои ҷолиби динию фалсафӣ роҳро барои дигарандешӣ ва садама задан ба хушкандешии мазҳабӣ ҳамвор месохтанд ва дар ибтидо пушти онҳо халифаҳои исломӣ қарор гирифта буданд. Дар давраи салтанати Њорунаррашид (786-809) ва Маъмун (813-833) китобҳои Уќлидус, Афлотун, Арасту, Буќрот, Љолинус ва соири донишмандону файласуфони юнонию румї тарљума шуданд ва майдони бањсу муљодилањои илмї-фалсафї густарда гардид (ниг.: Сафо, Забењуллоњ. Таърихи улуми аќлї дар тамаддуни исломї то авосити ќарни панљум. Муљаллади аввал.Тењрон:Интишороти Донишгоњи Тењрон, 1371. -С.44-45). Вале баъдтар ин раванд дар давраи амирони минбаъда заиф мешавад ва роњи илму маориф аз тариќи омўзиши улуми фалсафї ва табиї-риёзї баста мешавад. Мутаваккил (847-861) ба ањли њадис ва суннат эътиќод карда, хуни ононеро, ки ба бањси холиќ будан ё набудани Ќуръон иштиѓол меварзиданд, мубоњ намунд. Амир Мутаваккил таълиму тарбияи мутавассити ањли замма (яњудиён), масењї ва зардуштиро мамнўъ эълом дошта, хондани фарзандони ањли заммаро дар мадориси мусулмонон ќатъиян манъ кард. Вай китобфурўшонро савганд дод, ки китобњои фалсафї ва соири осореро, ки дар хусуси масоили каломї ва љадалї иттилоъ медињанд, нафурўшанд (ниг.: Султонзода, Њусайн. Таърихи мадориси Ирон аз ањди бостон то таъсиси Дорулфунун. Тењрон, 1364. –С.71). Бо ин гуна авзои ноҷур ва пур аз ихтилофу тазод Ҳаллоҷ ва насли донишмандони саршиноси замони ӯ мувоҷеҳ буданд ва ҷасоратмандона дар баробари истибдод ва ҷаҳолати сиёсию мазҳабӣ воистода, дар роҳи раҳоӣ аз хурофоту таассуби динӣ ҷонбозӣ ва фидокориҳо менамуданд.
Қатъи назар аз нобасомонӣ ва ҳассосиятҳои замон Ҳаллоҷ кори муътазилиёнро, ки акнун таҳти таъқиб ва фишор қарор гирифта буданд, идома дод. Ба ин манзур, ӯ масъалаи озодӣ ва иродаро, ки дар қолаби ҷабру ихтиёр мавриди радду бадалҳои фирқаҳои мухталифи фикрию ақидатии замон қарор гирифта буд, низ матраҳ намуд. Ҳаллоҷ дар мавриди озодӣ ва ирода таваққуф намуда, таъкид мекунад: “Худованд амр мекунад, ки некӣ кунем, аммо медонад, ки бадӣ хоҳем кард. Амр, офарида набуда ва ҷовидон аст ва ирода офарида аст ва махлуқ. Вақте Худо ба Иблис фармон дод, ки дар баробари Одам саҷда кунад, ин фармоне зоҳирӣ буд, на амр, зеро дар айни ин сурат Иблис қодир ба сарпечӣ намебуд. Бад-ин сон Худо мехоҳад, ки мардумон гуноҳ кунанд, аммо намехоҳад, ки онҳо маншаи гуноҳ бошанд” (ниг.: Бертелс, Евгений Эдуардович. Тасаввуф ва адабиёти тасаввуф. Тарҷимаи Сирус Эзадӣ. Теҳрон: Амири Кабир, 1376. С.38). Ҳарчанд ки назароти Ҳаллоҷ дар баробари даъвиҳои муътазилиён, ки ба озодию ихтиёри инсон пофишорӣ мекарданд, камранг ба назар мерасанд, бо матраҳ кардани масъалаи озодию ирода ӯ озодандешӣ мекунад ва дар роҳи шикастани қолибҳои шахшудаи фикрию ақидатӣ ва схоластикаи асримиёнагӣ қадамҳои устувор бармедорад.
Хулоса, Мансури Ҳаллоҷ дар самти раҳоии мардум аз ҷаҳолату нодонӣ ва тақвияти раванди озодандешӣ ҷаҳду талошҳои фаровон ба харҷ дода, ҳамчун символ ва рамзи муҳаббатсолорӣ, азхудгузаштагӣ, озодагӣ ва ҷасорати фавқулодаи ирфонию иҷтимоӣ дар таърихи фарҳангу тамаддуни форсии тоҷикӣ ҷойгоҳ ва мақоми арзанда касб кардааст. Ба ин маъно, ӯро, бешубҳа, метавон дар сафи инқилобгарони миллӣ қарор дод. Омӯзиш ва таҳқиқи ҷиддии зиндагинома ва мероси ин орифи номовари миллӣ, ки миёни нухбагони тасаввуфӣ ва намояндагони барҷастаи шеъру адаби форсии тоҷикӣ маъруфият дорад, тақозои замон аст, зеро ки дуруст нашнохтани бузургони миллӣ, саҳлангорӣ дар омӯзиши мерос ва камҳавсалагӣ дар муаррифию таблиғи шоистаи онон раванди ҳувиятсозии миллиро сусту заиф карда, миллатро дар баробари хатару таҳдидҳои рӯзмарраи минтақавию глобалӣ осебпазир месозад.
Нозим Нурзода,
пажӯҳишгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1