Предыдущая публикация
Дар ҳузури волидон, аз шодӣ сар афроштам .
Менишастам бо дили пур дар канори ду чанор ,
Яъне, бо модар падар дидору сӯҳбат доштам .
Беҳтар аз онон набошад ҳеҷ ганҷе дар ҷаҳон ,
Бохабар шав то ки дар ғафлат намонӣ , эй ҷавон .
Офтоби қуллаи кӯҳанд , аз онҳо дур машав ,
То шавад равшан дилу ҷон ҳар даме аз пандашон
Эй писар, модар -падарро бар пулат нест эҳтиёҷ ,
Баҳри рафъи ҳар муаммо худ ҳамеёбанд илоҷ .
Ҷуз нишоти рӯи ту дигар надоранд ормон ,
Ҳамдами онон шавӣ, кори ту мегирад ривоҷ .
Ҳар чӣ кардӣ, ту ба асли хеш , туро ояд ба пеш ,
Мешавӣ рӯзе ту ҳам муштоқи фарзандони хеш .
Гар ҳамехоҳӣ, ки фардо бинӣ некиву вафо ,
Ҳадя кун бар волидон ҳар лаҳза лутфу меҳри беш .
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев