Предыдущая публикация
Шабонгаҳ дар само рахшад ситора ,
Биё , рӯшан намо дилро дубора .
Зи дидорат шавам лабрези шодӣ ,
Фироқи ту ғам орад бешумора .
Канорат беҳтарин маъвои дунёст ,
Дар ин дунёи нопайдоканора .
Чунон дилбастаи ишқи ту ҳастам ,
Ки бе ту резад ашкам тора - тора .
Ниҳон то кай намоям сӯзи дилро ,
Ки кайҳо ишқи мо шуд ошкора .
Дилам чун кӯра пур аз оташи ишқ ,
Парад ҳар сӯ зи ҳарфи ман шарора .
Ту ҳастӣ ними ман , дилро шабу рӯз ,
Бубахшидам бароят пора - пора .
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев