Предыдущая публикация
«Аз нишастан дар роҳҳо ҳазар бикунед!»
Саҳобаҳо гуфтанд:
Эй расули Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам), мо дигар чорае надорем, (зеро, ки онҷо) ҷойи нишасти мост ва дар онҷо бо ҳамдигар суҳбат мекунем.
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) гуфтанд:
«Пас агар шумо рад намуда фақат нишастанро қабул кунед, пас хаққи роҳро бидиҳед».
Саҳобаҳо гуфтанд:
Ҳаққи роҳ чист?
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) гуфтанд:
«Чашми худро (аз назар намудан ба занҳои бегона) нигоҳ доштан.
Касеро озор надодан.
Ҷавоб додани салом.
Ба корҳои неку амр намудан ва аз корҳои бад боз доштан».
(Бухорӣ ва Муслим)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев