------------------------------
Аз Аллоҳи меҳрубонам, барои шумо:
Ақлу имони комил, дили поку забони зикргу, хотири роҳат, тани сиҳат, фаҳму дарки саҳеҳ, илми нофеъ.
Ҳофизаи қавӣ, зеҳни заккӣ, доираи фаҳми васеъ.
Чашми бино, гуши шунаво, қалби ҳақпазир, рафтору гуфтори писандида, одобу ахлоқи Муҳаммадӣ (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам).
Қадами устувор, ростгуиву ростқавлӣ, лаззат ва ҳаловат дар ибодати Худо, шафқат бар фуқаро, ғайрати баланд.
Забони бурро, нутқи гуё, дустони бовафо, фарзандони хушманду дастгир, зиндагии ширин, хонаи обод, хотири ҷамъ, ризқи фаррох, барор дар касбу кор, баракат дар умр, хушбахтӣ дар ҳаёт.
Муҳаббат бар Аллоҳ ва Расул (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам).
Дурӣ аз фассод, наҷот аз макри дунё, охирати обод, Ҷаннати Фирдавс ва наҷот аз оташи сузони фардоро хоҳонем.
Амин.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев