Дидам писаре ки дилрабои мекард.
Аз давлати у подшоҳи мекард.
Чун рузе дигар бидидамаш дар бозор,
Худ риш бароварда гадои мекард.
Халифаи Умавӣ Мансур яке аз муфассирон ва олими бузург Муқотил ибни Сулаймон (р)-ро даъват карду гуфт:
- Маро насиҳате кун.
Гуфт:
- Бо он чизе, ки дидаам насиҳат кунам ва ё бо чизе ки шунидаам?
Халифа Мансур гуфт:
-Балки бо чизе, ки дидаӣ, насиҳат кун.
Муқотил гуфт:
-Эй Амиралмӯъминин, Умар ибни Абдулазиз (р), халифаи собиқ, ёздаҳ нафар фарзанд дошт. Пас аз маргаш ҳаждаҳ динор маблағ гузошт, ки ба панҷ дирҳам ӯро кафан карданд, ба чор динор қабр хариданд ва боқимонда нӯҳ динорро ба фарзандонаш тақсим карданд.
Ҳишом ибни Абдулмалик, халифаи собиқ, ёздаҳ фарзанд дошт. Ба ҳар яки онҳо ҳазор тои ҳамёни ҳазор динор дошта (яъне баробари миллион динори ба ҳар яке) мерос гузошт.
Қасам ба Аллоҳ, эй Амиралмӯъминин, дар як рӯз дидам, ки яке аз фарзандони Умар ибни Абдулазиз (р) дар роҳи Худо сад аспро садақа кард ва яке аз фарзандони Ҳишом ибни Абдулмаликро низ дидам, ки дар бозор гадоӣ мекард.
Ҳангоме, ки Умар ибни Абдулазиз (р) дар ҷойгаҳи марг хоб буд, пурсиданд:
-Ту ба фарзандонат чӣ мерос гузоштӣ?
Гуфт:
-Ба онҳо тақвои Аллоҳро мерос гузоштаам. Агар аз накӯкорон бошанд, пас Аллоҳ накӯкоронро корсозӣ мекунад.
Аммо агар ғайр аз онанд, ба онҳо чизе намегузорам, ки пас аз маргам онро дар гуноҳ сарф кунанд.
((( ))) ((( )))
ИБРАТ:
1. -Марде ки соҳиби пулу моли зиёдест барои додани закоти мол баҳонаҳои зиёде пеш меовард. Аллоҳ ин моли уро на "неъмат" -балки барояш мусибат сохт:
-Соле ки "муҳрабози" миёни мардум паҳн шуд у садҳо ҳазор доллар сухт. Аммо ин ибраташ нагашт.
Дар бонк пули калоне дошт ва ин бонк ҳолати муфлисшави қарор гирифт. Аз он қадар пулу моли калон моҳона як ду ҳазор сомон метавонад гираду халос.
Болои ин аз ҳисоби қурби асъор нисфи он пулаш гуиё барбод рафт.Чун он замон пулаш миллион доллар бошад- ин замон ду баробар кам аст. Танҳо ин замон у ба дустонаш мегуфт:
-Кош аз ин қадар пули барбод рафта Ҳаҷи Хонаи Худо мекардам, Закоти мол медодам, садақаи ҷория мекардам!
2. Дигар марди пулу молдоре бемор гашту акнун ба у хурдани зиёди неъматҳои Аллоҳ аз тарафи духтурон манъ карда шуд.
Дар бистари бемори у мегуфт ки:
- Солҳо пулу мол ҷам кардам, хонаи бодабдаба сохтам, беҳтарин мошин харидам- аммо роҳати ин ҳамаро надида бемор гаштам.
Хуроки равғани, ширини, мағзу мавиз, гушт ба ман акнун ба ҷои заҳр аст- чун бихурам бемориам авҷ мегирад.
Ба дастархони пур аз нозу неъмат акнун бо ҳасрат менигарам -аммо чизе хурда наметавонам.
Кош он солҳо ҳам мол ҷам мекардам-ва ҳам сарфи ҷони ширинам мекардам.
Дустон уро насиҳат карданд ки аз молаш ҳоло ки фурсат дорад закот диҳад, хайру садақа намояд.
У ваьда кард ки рузҳои наздик албатта ин корро мекунад. Аммо афсуссс.....
Рузи дигар у аз ҳаракату сухангуи монд ва бо ҳамин аҳвол мурд ва ваъдаву нийяти он рузаашро бо худ бурд.
Зану фарзандон пас аз марги у пулу моли боқимондаро зуд тақсим намуданду касе ёде аз он руза ваъдаи марҳум надошт.
Аммо саволу ҷавоби сахте рузи Маҳшар аз пушти он пулу мол болои у хоҳад буд.
Пас мову шумо дар роҳи тоату ибодати Илоҳи ва хайру саховати Холисан Лиллоҳ ҳеҷ гоҳ амал карданро ба фардо нагузорем.
Чун:
Магу фардо ки фардоҳо гумон аст.
Нафас чун тирҳо андар камон аст.
Садоҳои камонҳо ҳасту бо тир .
Зи гури бе садоён ибрате гир ?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев