ТУДА: ТАЪРИХ, ШАХСИЯТҲОИ МАЪРУФ ВА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ:
https://www.youtube.com/watch?v=a6q_YjoXdEk&t=288s
ШОҲ НЕЪМАТУЛЛОҲИ ВАЛӢ. БАЛҶУВОН
https://www.youtube.com/watch?v=oZdxlVZK_Pw
ГУРИ КАМПИР
https://www.youtube.com/watch?v=K3nxcPnxSbw
Қаратоғи бостонӣ дар шаҳри Турсунзода ҷойгир буда, дарозии дарааш 47 километрро ташкил медиҳад. Дарёи Қаратоғ 99 километр дарозӣ дошта, аз баландии 4400 метр аз сатҳи баҳр, аз қуллаи Шӯро, аз қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма мегирад. Мардумшинос Руҳулло Ҷӯрабоев мегӯяд «Ҳанӯз соли 1511 Заҳуриддини Муҳаммад Бобур (1483-1530), арбоби давлатӣ, воқеанигор ва шоир бо корвони шутурҳояш тавассути дараи Қаратоғ гузашта, ба Мастчоҳ сафар кардааст ва дар харитаи сафараш номи дарёро „Камруд“ ёдовар шудааст. Аз ин сабаб дар таърих номи ин дарё „Камруд“ сабт гаштааст. Қаратоғ аз ибораи „Қария“ — шаҳри хурд ва „тоқ“ — ягона гирифта шудааст. Аммо дар байни ин мардум ақидаҳои зиёде нисбати ин ном ҷо доранд. Ба андешаи гурӯҳи якум Қаратоғ калимаи туркӣ буда, маънояш „Кӯҳи сиёҳ“ аст. Гурӯҳи дуюм ақида доранд, ки аслан Қаратуғ, Қара — сиёҳ, туғ — асо аст. Гӯё ин ном дар садаи XV, дар давраи ҳукмронии амир Ҳусайн ва амир Темур пайдо шуда бошад». Касбу косибӣ пешаи ҳунармандони ин деҳа буда, ҳар як касб ному хусусияти хоси худро дорост. Сайёҳону савдогарони кишварҳои дурдаст низ бо шуҳрат ёфтани ҳунармандӣ дар Қаратоғ пои худро ба ин мавзеъ гузоштаанд. Этнографи шинохта Н. Н. Ершов чандин солҳо баҳри омӯзиши таърихи касбу кори ҳунармандони деҳаи Қаратоғ машғул гашта, дар китоби худ «Ҳунармандӣ дар Қаратоғ» мушоҳидаҳояшро сабт намудааст. Ин ягона китобест, ки ҷамъбасти андешаҳои мардуми деҳаро барои касбу косибӣ ифода намудааст. Яке аз пиронсолони деҳа Дилмурод Азимов мегӯяд, «ҳар касбу ҳунар ифодагари таъриху маданият аст. Маданияти қаратоғиён зинда доштани таърихи ҳунармандист. Шиори ҳар як ҳунарманди ин деҳа „Дӯкон ин нон аст“ мебошад. Сабаб дар он аст, ки асоси пешбурди рӯзгори ҳунармандон кор дар дӯкон аст». Ҳунармандӣ дар Қаратоғ аз ибтидои садаи XIX сар карда, то солҳои 60-уми садаи XX бо суръати баланд равнақ ёфтааст. Яке аз ҳунарҳои равнақёфта ин бофандагӣ будааст. Бино ба нақли пирони деҳа то Инқилоби Бухоро дар Қаратоғ бештар аз 3 ҳазор дӯконҳои бофандагӣ фаъолият мекардааст. Устоҳои ин деҳа дар хонаҳояшон то 5-6 дӯкони бофандагӣ доштаанд. Матои истеҳсолмекардаи бофандагони Қаратоғ «алоча» ном дошта, косибон бештар аз 20 намуди онро мебофтаанд. Онҳо сиёҳала, чортеғ, абдушадӣ, чиғӣ, сиёҳкор, мушкузаъфар, алифӣ, маҳмудшоҳии зирагӣ, кӯлобии миёнкӯфта, алочаи бойсунӣ, нимшоҳӣ, кабутак, пӯсти мор, лолагӣ… ном доштанд. Барои маълумоти бештар муроҷиат шавад ба:
https://tg.wikipedia.org/wiki/%D2%9A%D0%B0%D1%80%D0%B0%D1%82%D0%BE%D2%93
Руҳуллоҳи Ҷӯрабой (тавал. 02.02.1956 дар деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода), хатмкардаи факултети табиатшиносию географияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ (с. 1978). Дар давраи донишҷӯйӣ вазифаи ҷамъиятии котиби ташкилоти комсомолии гурӯҳро ба зимма дошт. Фаъолияти омӯзгорияш аз моҳи августи с. 1978 дар мактаби №13 ш. Турсунзода оғоз ёфт. С. 1980 -1983 омӯзгор, котиби ташкилоти комсомолӣ, раиси иттифоқи касаба ва аз с. 1983 ҷонишини директори мактаби №12 оид ба тарбияро ба уҳда дошт...
Барои маълумоти бештар дар мавриди Руҳуллоҳи Ҷӯрабой муроҷиат шавад ба: Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: Ирфон, 2015. - С. 486.
Руҳуллои Ҷӯрабой: Аз ҚАРАТОҒ то РОҲИ АБРЕШИМ
#точикистон #hisor #ҳисор #турсунзода #точик #таджики
ТАЙМКОДҲО
00:00 –
01:10 Муаррифии навор
01:11 –
04:16 Маънои вожаи Қаратоғ
04:17 –
09:57 Ба ҷуз аз Муҳаммад Гулшанӣ боз кадом муаррихон дар бораи Қаратоғ маълумот додаанд?
09:58 –
15:47 Заминларза ва маданияти шаҳрдории Қаратоғ.
15:48 –
18:13 Роҳбарони шаҳри Қаратоғро то зилзила чӣ мегуфтанд?
18:14 –
21:04 Савдо, бозаргонӣ, қурби пул ва Роҳи Абрешим.
21:05 –
21:27 Мадраса ва қорихонаҳо
21:28 –
23:37 Доираи адабии тоинқилобии Қаратоғ
23:38 –
28:08 Ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои сайёҳии Қаратоғ
28:09 –
31:25 Санъати мусиқӣ ва рақс
31:26 –
32:43 Шеваи гуфтории мардуми Қаратоғ
33:44 –
34:09 Ҳинд...