Қиссаи ҳақиқӣ дар бораи марди оддие аст, ки дар яке аз биноҳо дар минтақаи Ҳарам дар Миср посбон кор мекард. Имкониятҳои моддиаш ниҳоят маҳдуд буданд. Шахсиятҳое, ки мешинохт, низ бар сокинони ҳамин иморат маҳдуд буд. Ӯ як орзӯ дошт, ки умра намояд. Лекин ӯ нағз медонист, ки ин орзӯяш ҳаргиз ҷомаи амал намепӯшад, зеро амалӣ шудани ин орзӯ ба мол ниёз дошт. Як рӯзе бо марди калонсоле аз сокинони иморат суҳбати дӯстонае дошт. Ба ӯ гуфт:
Эй фарзандам, ту медонӣ орзӯи ман дар ҳаёт чист? Ин аст, ки умра кунам. Мехоҳам, пеш аз ин ки марг домангирам шавад хонаи Каъбаро бо чашмонам бубинам ва қабри Расули Худо (с)- ро зиёрат намоям. Ана ҳамин орзӯи ман дар ин ҳаёт аст. Он мард ба ӯ гуфт: Агар Худо бихоҳад амалӣ мешавад. Ба ӯ гуфт: Эй фарзандам, чигуна ин амалӣ мешавад? Ин муҳол аст. Ман чизе надорам. Он мард гуфт: Ту танҳо Парвардигорамонро дуъо мекуни. Ба ӯ гуфт: Яъне чӣ? Гуфт: Дуъо кун. Дуъо иҷобатшаванда аст. Вай гуфт: Баъзе оятҳоеанд, ман онҳоро барои шавқманд кардани шумо бар ин фаризае, ки аз баъзе нафарҳо фаромушт шудааст, мехонам . Аз он ҷумла: “Оё кист, ки дуъои музтарро (дармондаро) – чун ӯро бихоҳад- иҷобат мекунад ва бадиро дур мегардонад ...” Намл: ояти 62. “Ва Парвардигоратон фармуда, ки маро бихонед, ман барои шумо иҷобат мекунам”, “Ва вақте бандагонам туро аз ман пурсиданд, ҳамоно Ман қариб ҳастам, дуои хонандаро, вақте маро даъват карда бошад, қабул мекунам”. Он мард ба ин кор шавқманд гардид ва чунин қарореро дар дил парваронид, ки акнун дуъо мекунад. Як сол гузашт, ӯ ҳоло ҳам дуъо мекард ва аз ин кораш малол ва хаста намешуд. Як маротиба намози ҷумъаро дар яке аз масоҷид мегузорид ва дар аснои саҷда кардан дуъо мекард ва дар дуъояш исрор меварзид. Ин буд, ки садояш аз шиддату сахтии сузишу шавқи орзӯяш ба умра кардан, каме баланд шуд. Ӯ дар ин ҳолат чунин дуъоро такрор мекард: Эй Парвардигори ман! Эй Парвардигори ман! Маро ба умра бибар. Эй Парвардигори ман! Бар ман ба умра кардан миннат бинеҳ. Вақте аз намозаш фориғ шуд, мардеро ки дар паҳлӯяш намоз мегузорид, дид ки ба ӯ салом медиҳад ва ба ӯ мегуяд: Ту умра рафтан мехоҳӣ? Ман туро шунидам, ки дар дуъоят чунин дуъо мекардӣ. Ба ӯ гуфт: Эй кош. Гуфт: Ман туро ба умра равона мекунам ва бароят визаро ҳозир менамоям, балки ҳатто туро меҳмондорӣ низ мекунам. Он мард ба ӯ гуфт: Ту кистӣ? Гуфт: Ман консули Мамлакати Саъудӣ ҳастам. Субҳоналлоҳ! Консули Саъудӣ дар ин масҷид намоз мехонад ва махсус дар паҳлӯи ин мард, то дуъоеашро, ки дар осмонҳо як сол пеш инҷониб навишта шудааст, бишунавад. Зеро ӯ аз дуъо кардан ва исрор варзидан барои Парвардигори осмон, ки консули Саъудиро ба ин макон овард, хаста ва малол нашуда буд. То ки ӯ сабаб дар иҷобати дуъои ин мард бошад. Дар вақте, ки шахсиятҳои калон дар масъалаи бо консули Саъудӣ алоқа кардан, дучори мушкилиҳо мешуданд. Бинобар ин ҳамеша Худоро, дар ҳолати фурӯтанӣ ва бо исрор, дуъо кун. Ва вақтҳои иҷобати дуъоро ҷустуҷӯ намо, орзӯҳои шуморо Худованд иҷобат мекунад.Ин Ша Аллоҳ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев