Бародар ва хоҳари мусалмонам!
Даъваткунанда ба суйи неки ва наҳий кардан аз гуноҳ бошед, то ин, ки ба изни Аллоҳи мутаъол шомили ин ҷамоъат бошем, ки Аллоҳи мутаъол дар Қуръон дар мавриди онҳо мефармояд:
{وَلْتَكُن مِّنكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنكَرِ ۚ وَأُولَٰئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ}
[Оли Имрон 104]
Ва бояд аз шумо гурӯҳе бошанд, ки ба сӯи некӯкорӣ бихонанд ва ба кори писандида бифармоянд ва аз нописандида манъ кунанд. Ва он гурӯҳи растагоронанд.
Расулуллоҳ салаллоҳу аълайҳи вассаллам фармуданд:
"Ҳар касе аз шумо кори зишт ва нописанде дид, онро бо дасти худ тағйир диҳад,
ва агар натавонист, пас онро бо забони худ, аз он манъ кунад,
ва агар инроҳам натавонист, паси ба қалбаш онро бад бубинад.
Ва ин, заъифтарин дараҷаи имон аст".
(Ривояти имом Муслим)
Ва ҳамчунин Расулуллоҳ салаллоҳу аълайҳи вассаллам фармуданд:
"Савганд ба зоте, ки ҷони ман дар дасти Уст, ҳатман амри баъруф ва наҳий аз мункар кунед, ва гарна бими он меравад, ки Аллоҳ ба зуди азобе аз суи худ, бар шумо фуруд оварад ва он гоҳ шумо Уро, ба фарёд бихонед ва дуъои шумо қабул нашавад"
(саҳеҳ Тирмизӣ )
Пас бинобар ин:
Амр ба маъруф ва наҳий аз мункарро вазифаи худ бидонем, ва дар ҳадди тавон корҳои зишт ва нописанде, ки дар ҷомеъа вуҷуд дорад онро тагйир диҳем, то Ин Ша Аллоҳ ҷамоъаи Исломие аз ҳар гуна корҳои бад ва нописанд дошта бошем.
〰〰〰〰〰〰〰〰
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев