(Фазилати ифтор додан дар рамазон) :
Барои касби савоби садақа роҳҳои зиёде вуҷуд дорад ба монанди ятимеро аз хӯрока ва либоса таъмин кардан, дар масоҷид ва таълимгоҳҳои динӣ ва ятимхонаҳо хайр намудан, дасти ёрие дароз кардан ба дармондаву ночор, ва бевазане, аммо моҳи мубораки рамазон яке аз фазоил ва хусусиятҳояш ин аст ки аксаран мусалмонон барои касби бештари савоб ба ифтор додани ҳамдигар мепардозанд.
26.Дар мавриди фазилати ифтор додани рӯзадорон дар аҳодис зикр шудааст аз ҷумла Расули Худо(Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) мефармоِянд
«Шахсе рӯзадореро ифтор диҳад барояш савоби рӯзадор дода мешавад бидуни инки чизе аз он кам карда шавад» (Сунани ибни Моҷа 1746, сунани Тирмизӣ 807).
Яъне шахсе барои рӯзадоре ифтор диҳад он савоберо ки рӯзадор гирифтааст барои ифтор диҳанда низ ҳамчунин савоби комилу пурра дода мешавад.
27.Дар ривояти дигаре аз Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) нақл шудааст ки чунин фармуданд
«Шахсе дар ин моҳ рӯзадореро ифтор диҳад ин ифтори додааш барояш сабаби мағфирати гуноҳони ӯ ва озод шуданаш аз оташи дузах мегардад ва барояш савоби рӯзадор дода мешавад бидуни инки чизе аз он кам карда шавад.
Саҳобагон гуфтанд: Ё Расулаллоҳ на ҳар каси мо метавонад рӯзадорро ифтор диҳад(чикор кунем?)
Паёмбар фармуданд: Аллоҳ ъазза ва ҷалла барои касе ки як рӯзадореро як нӯшидани шир диҳад ё як хӯрмое диҳад ё як нӯшидани обе диҳад ин савобро барояш насиб мекунад.
Ва шахсе рӯзадореро сер кунонад Аллоҳ ӯро аз ҳавзи ман сероб мегардонад, ки то ҷаннат дохил шуданаш дигар ташна намешавад» (Имом Байҳақӣ дар шуъабул-имон 3336).
Суннатҳое ҳангоми ифтор кардан:
Аз ҷумлаи суннатҳо дар рамазон ба зудӣ ифтор кардан аст.
Маълумаст, ки рӯза доштан аз субҳ дамидан то нишастани офтоб аст.
Ва ба муҷарради комил нишастани офтоб рӯза ба итмом мерасад.
Аллоҳ таъоло дар каломи худ мефармояд:
«Пас рӯзаро то шаб тамом кунед» (бақара 187).
.28Дар аҳодиси саҳеҳ омадааст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармуданд
«Мардум ҳамеша ба хайру хубӣ хоҳанд буд, ҳангоме ки ба зудӣ ифтор кунанд» (саҳеҳ Бухорӣ №1821 ва Муслим №1838).
Инро бояд донист, ба зудӣ ифтор кардан маънои онро надорад, ки қабл аз нишастани офтоб ифтор карда шавад.
Балки маънои он баъд аз нишастани комили офтоб ҳаст.
29.Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) баъд аз нишастани офтоб қабл аз хондани намози шом ифтор мекарданд, ҳазрати Анас ибни Молик мегْуфтан
«Расули Худо (салому дуруди Худо бар ӯ бод) қабл аз хондани намоз ба (хӯрдани) чанд ратаб(хӯрмои тар) ифтор мекард ва агар ратаб намебуд бо хӯрмо(и хушк) ифтор мекард ва агар хӯрмо намебуд бо об ифтор мекард» (ривояти имом Тирмизӣ№632).
Саҳобагони Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) низ ба ин суннат амалкунанда буданд баъд аз нишастани офтоб қабл аз хондани намози мағриб рӯзаи худро мекӯшоданд.
Ҳангоми ифтор кардан дуои рӯзадор радд нахоҳад шуд ва ин ҳангом дуо кардан низ суннат аст.
30.Расули Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) фармудаанд:
«Барои рӯзадор ҳангоми ифтор кардан дуоест ки радд намешавад»(Сунани ибни Моҷа 1753)
31.Ҳангоми кӯшодани рӯза дуоҳое аз Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ворид шудаанд ки онҳоро дар вақти кӯшодани рӯза гуфтан сунат аст
«Аз Абдуллоҳ ибни Умар (Худо аз ӯ ва падараш рози бод) ривоят аст, ки гуфт: Расули Худо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳангоме ки ифтор мекард мегуфт: "Заҳабаз-замаъу ваб-таллатил-ъуруқу ва сабатал-аҷру иншоАллоҳ»(Сунани Абудовуд 2357, Сунани Кубро аз имом Байҳақӣ 7133).
Тарҷумаи дуо: «Ташнагӣ бартараф шуд рагҳо тар шуданд ва аҷр собит шуд иншоАллоҳ»
32.Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ҳангоми ифтор кардан ин дуоро мегуфтанд:
«Алҳамдулиллоҳил-лазӣ аъонанӣ фасумту варазақанӣ фа афтарту» (Ривояти имом Байҳақӣ дар шуъабул-имон 3619, Мусаннафи ибни Абишайба 9744).
Тарҷумаи дуо: «Ҳамду сипос Аллоҳеро ки кӯмакам кард рӯза доштам ва бароям ризқ дод ифтор кардам»
33.Дуои дигаре ки ҳангоми ифтор кардан аз Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ворид шудааст чунин ҳастم
«Аллоҳумма лака сумно ва ъало ризқика афтарно фатақаббалҳу минно иннака антассамиъул-ъалим» (Сунани Дору-қутнӣ 2280).
Тарҷумаи дуо: «Худоё хос барои ризои ту рӯза доштем, ва бар ризқи додаи ту ифтор кардем пас инро аз ҷониби мо қабул фармо бешак ту шунаво ва доно ҳастӣ»
Дуо кардан дар ҳақи ифтордиҳанда:
Суннат аст, ки барои шахсе ки рӯзадоронро ифтор медиҳад дар ҳақи ӯ дуо карда шавад.
34.Рӯзе Расули Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) барои саҳобае ки ба онҳо ифтор дода буд чунин дуо намуданд:»
«Афтара ъиндакумус-соимун- ва акала-таъомукумул-аброр- ва-саллат-ъалайкумул-малоикату»(Сунани Абудовуд 3854)
Тарҷумаи дуо:
«Назди(дар хонаи) шумо рӯзадорон ифтор карданд ва таъоми шуморо беҳтарин инсонҳо хӯрданд, ва малоикаҳо(ба хотирин ин ифтори додаатон) бароятон дуруду раҳмат фиристоданд»
Пас суннат аст, ки баъд аз ифтор намудан барои ифтордиҳанда чунин дуоро гуфта шавад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев