Васиятҳои Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собити Куфӣ (раҳ), ба шогирди гиромиқадраш Абуюсуф Яқуб ибни Иброҳими Ансорӣ. 1. Ба ҳокими вақт эҳтиром бигзор ва шахсияташро бузург шумор ва дар маҳзари ӯ аз дурӯғӯӣ бипарҳез! 2. Ҳеҷгоҳ дар сари роҳ манишин ва агар маҷбур шудӣ, ки берун аз манзилат биншинӣ, пас дар масҷид биншин. 3. Кӯшиш кун, ки аз атрфиёни ҳоким дур бошӣ, то арзиш ва ҳайсиятат маҳфуз бимонад. 4. Дар ҳузури оммаи мардум ҷуз он чи аз ту мепурсанд, ҳарф мазан. 5. Мабодо дар маҷлиси мунозира бо тарс ва ларз ҳарф бизанӣ, зеро, ки ин амр зеҳнро мушавваш мекунад ва дар забон лакнат ба вуҷуд меоварад. 6. Аз хандидани зиёд бипарҳез, ки дилро мемиронад. 7. Агар касе аз пушти сар туро садо зад, ҷавоб мадеҳ, зеро аз пушти сар фақат ҳайвонотро садо мезананд. 8. Ҳар гоҳ, ҳарф мезанӣ дод мазан ва садоятро хеле баланд макун. 9. Ба худат одат бидеҳ, ки ҳамеша бо вақор бинмоӣ ва аъзаъу ҷавориҳатро камтар ҳаракат диҳӣ, то инки арзиш ва ҳайсиятат назди мардум боқӣ бимонад. 10. Дар пеши мардум бештар ба зикри Худо машғул бош, то аз ту биёмузанд. 11. Барои худат як миқдори вақт муаян кун, ки дар он баъд аз намозҳо Қуръон бихонӣ ва ба зикри Худо машғул бошӣ ва бар сабр ва неъматҳое, ки бар ту арзонӣ дошта, шукрашро ба ҷой оврӣ. 12. Дар ҳар моҳ, чанд рӯзе барои худат муаян кун, ки дар он рӯза бигирӣ. 13. Худат харид ва фурӯш макун, балки барои анҷоми корҳоят, шахси дигареро интихоб кун, ки ба он эътимод дошта бошӣ. 14. Нисбати риш беаҳамият мабош. 15. Ҳеч гоҳ дар корҳоят чи дунёӣ чи ғайри он бепарво мабош, зеро Худованди мутаъол аз ҳама чиз аз ту хоҳад пурсид. 16. Дар корҳои ғалат ва нописад пайрави мардум мабош, балки ҳамеша дар корҳои хуб ва писандида аз ононпайравӣ кун. 17. Маргро вайваста ба ёд овар ва барои устодон ва машоихат ва касоне, ки аз онҳо илми дин омухтаӣ талаби омурзиш кун. 18. Бар тиловати Қуръон мудовамат намо. 19. Қабристонҳо ва маконҳои муқаддасро ба касрат зиёрат кун ва ба мулоқоти уламо ва машоих бештар бирав. 20. Аз лаънат фиристодани бисёр ва дашном парҳез кун. 21. Агар айбе аз ҳамсояат мушоҳида кардӣ, онро бипӯш, зеро, ки ин ба манзалаи амонате аст назди ту, ва асрори мардумро фош макун. 22. Ҳиммати баланд дошта бош, чун касе, ки ҳимматаш заиф бошад қадр ва манзалаташ кам мегардад. 23. Ҳаргиз аз мардум молиёт магир. 24. Ҳамеша либоси сафед бипуш. 25. Аз бухл бипарҳез, ки инсонро расво мекунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев