#Иқболи_Лоҳурӣ Фақри Қуръон эҳтисоби ҳасту буд, Не рубобу мастиву рақсу суруд. Факри мўъмин чист? Тасхири ҷиҳот, Банда аз таъсири ў мавлосифот. Фақри кофир хилвати дашту дар аст, Фақри мўъмин ларзаи баҳру бар аст. Зиндагӣ онро сукуни ғору кўҳ Зиндагӣ инро зи марги бошукўҳ. Он Худоро ҷустан аз тарки бадан, Ин худиро бар фасони Ҳақ задан. Он худиро куштану восўхтан, Ин худиро чун чароғ афрўхтан.
#Хоҷа_Ҳофизи_Шерозӣ Чу гул ҳар дам ба бӯят ҷома бар тан Кунам чок аз гиребон то ба доман. Танатро дид гул, гӯй, ки дар боғ, Чу мастон ҷомаро бидрид бар тан. Ман аз дасти ғамат мушкил барам ҷон, Вале дилро ту осон бурдӣ аз ман. Ба қавли душманон баргаштӣ аз дӯст, Нагардад ҳеч кас бо дӯст душман. Танат дар ҷома, чун дар ҷом бода, Дилат дар сина, чун дар сим оҳан. Бибор, эй шамъ, ашк аз чашми хунин, Ки шуд сӯзи дилат бар халқ равшан. Макун, к-аз синаам оҳи ҷигарсӯз Барояд ҳамчу дуд аз роҳи равзан. Диламро машкану дар по маяндоз, Ки дорад дар сари зулфи ту маскан. Чу дил дар зулфи ту бастаст Ҳофиз, Бад-ин сон кори ӯ дар по маяфган.
#Туғрали_Аҳрорӣ Маро аз оламу одам ғами ишқи ту бас бошад, Ба пеши оташи ишқат дилам монанди хас бошад. Аз он рӯзе, ки афтодам ба доми чун ту сайёде, Аз он рӯ пераҳан дар тан маро ҳамчун қафас бошад. Яке боз о ба сӯи ман, ки аз бетоқатӣ то кай Фиғону нолаву фарёдам аз дил чун ҷарас бошад?! Нигаҳро рухсати наззора фармо дар шаби зулфаш, Куҷо ушшоқро андешаи тарси асас бошад?! Набуррам аз ту пайванди муҳаббатро ба сад меҳнат, Агарчи фурсати умрам ба олам як нафас бошад! Нигоҳи чашми саффокаш1 ба сӯи ошиқон ҳар дам Бад-он монад, ки турки Рум бар рӯи фарас бошад. Ба як парвоз сайди сад маонӣ мекунад Туғрал, Ба пеши чангули ӯ сайди анқо чун магас бошад.
#Мавлавии_Ҷунунӣ Сина бар тири ғами дуст сипар мебинам, Як қадаҳ, нуш дусад хуни ҷигар мебинам. Борҳо cap бидиҳам дар раҳи ишқаш чу қалам, Боз зери хами шамшери Ту cap мебинам. Куштаи ханҷари ишқи Ту намирад ба аҷал, Дили худ зинда ба Исои дигар мебинам. Бисмили теғи Ту роҳат зи тапидан ёбад, Завқи сузи дилам аз шарфаи пар мебинам. Ғута дар кулзуми ваҳдат задаам чандоне, Ҷазбаи мавҷфишон дурри гуҳар мебинам. Зоҳидон сабҳи худ ҳадя ба зардор баранд, Кимиёест ба дил маъдани зар мебинам. Пай намебурд касе зуд зи доғи дили мо, Оҳи пурдард аз ин дидаи тар мебинам. Чашм во кардану пушист дами фурсати умр, Эй Ҷунун, гунбади ин чарх ду дар мебинам.
#Манучеҳрии_Дамғонӣ Эй дил, чу ҳаст ҳосили кори ҷаҳон адам, Бар дил манеҳ зи баҳри ҷаҳон ҳеҷ бори ғам. Афканда ҳамчу суфра мабош аз барои нон, Ҳамчун танўр гарм машав аз пайи шикам. Ту масти хоби ғафлативу аз барои ту Эзид фиканда хони карам дар сапедадам.
Показать ещё